Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
якум - омилҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва шаҳрвандӣ; гурӯҳи дуюм
- ин ҷолибияти соҳа ва шартҳои рақобатнокӣ дар он; гурӯҳи сеюм
- имкониятҳои корбарии расмӣ ва хатарҳои ба амалоянда барои ташкилот;
-
Дар сохтори муҳити беруна макромуҳитрӯ қайд менамоянд
(ҳукумат, муҳити иҷтимоию демографӣ, пешрафти илмию техникӣ,
омилҳои табиӣ) ва микромуҳит (интиқолдиҳандагон, харидорон, қарзгирандагон, иттифоқҳои касаба, саҳомон). Василаи бартариноки таҳлили
макромуҳит PEST- таҳлил мебошад, ки ба саволи «Ба тиҷорати Шумо
кадом омилҳо ва чӣ гуна таъсир мерасонанд?»; -
Таҳлили макромуҳит гузаронидани чунин амалиётрӯ дар назар мегирад: мушоҳидакунӣ, мониторинг, ба нақша гирифтан ва баҳодиҳӣ.
Тарзҳои нисбатан маъмули эҳсос намудани тағйироти омилҳои беруна инҳоянд: «мубориза бо оташ» ва ё тарзи идоракунии омехта, васеъ намудани доираи фаъолият ва ё диверсификатсия, мукаммалгардонии сохтори идоракунӣ ва идоракунии стратегӣ; -
Мақсади таҳлили соҳавӣ аз муайян намудани ҷолибияти соҳа
ва бозорҳои алоҳидаи он, сохтор ва ҳудуди рақобатнокӣ, сохтори
хароҷоти соҳа, системаи фурӯши маҳсулот, тамоюли инкишофи соҳа,
ҳаҷми воқеӣ ва потенсиали соҳа, сохтор ва марҳилаи фаъол, омилҳои
калидии комёбиҳо иборат аст; -
Омилҳои калидии комёбиҳо (ОКК) - ин идоракунии умумияти
дигаргуншавиҳо барои ҳамаи ташкилотҳо иборат аст. Татбиқи онҳо
барои беҳтар намудани мавқеи рақобатнокӣ мусоидат менамоянд; -
Таҳлили муҳити берунаи ташкилотро мунтазам дар марҳилаҳои
зерин гузаронидан лозим аст: марҳилаи аввал - гузаронидани таҳлили
соҳавӣ, марҳилаи дуюм - таҳлили фарогири макромуҳит, марҳилаи
сеюм - таҳлили омилҳои макромуҳит ва марҳилаи чорум - баҳодиҳии
интиҳоии ҳамаи омилҳои муҳити корбарии расмии ширкат; -
Таҳлили номуайянии муҳит дар асоси ду тафсилот гузаронида мешавад: сатҳи содагӣ ё душвории вазъият ва дараҷаи устуворӣ ва ё ноустувории ҳолатҳо. Номуайянии вазъияти беруна бо баланд гардидани инкишофи бомаром ва ё душвор гардидани шароитҳои он афзоиш меёбад.
7.4. САВОЛҲОИ САНҶИШӢ
-
Муҳити берунаи ташкилот аз кадом дараҷаҳои сохторӣ иборатанд?
-
Муҳити берунаи тиҷорати маҳаллиро аз нуқтаи назари омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмию техникӣ шарҳ диҳед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё