Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗУИ 7. ТАҲЛИЛИ СТРАТЕГИИ МАКРОМУҲИТ ВА СОҲА
Муҳити одӣ ва устувор - барои шӯъбаи кадрҳо хеле одӣ аст. Талаботи пешгӯишаванда ба кадрҳо мушкил нест, зеро он дар заминаи тамоюлҳои қаблӣ асос меёбад. Зарурати тағйиротҳои тарзи ҳавасмандӣ ба меҳнат бо дарназардошти паст будани дараҷаи рақобат назаррас нестанд. Даромад ва сатҳи онҳо эҳтимол доимӣ бимонад, аз ин рӯ, фонди музди меҳнат бетағйир мемонад. Маълумоти муҳити берунаро ба осонӣ баҳогузорӣ кардан мумкин аст, барои он ки ҷузъҳои фарогири он на он қадар зиёданд.
Муҳити мушкил ва устувор. Аз рӯи нуқтаи назари дурнамои идоракунии мутахассисон ҳолати мазкур проблемаҳои мушкилро ба миён намеорад. Бо дарназардошти сатҳи баланди устуворӣ ва доимӣ будани бозори меҳнат пешгӯии талабот ба қувваи корӣ мушкил нест. Аз ҷониби дигар, тағйир додани сиёсати муносибат ба кормандон зарурат надорад, зеро ки тарзҳои истифодашавандаи корбарӣ хеле самаранок мебошанд.
Муҳити одӣ ва ноустувор. Ҳолати мазкур муаммоҳои зиёд дорад. Бо сабаби баланд будани инкишофи вазъияти бозор пешгӯии натиҷаҳои фаъолият мушкил мебошад. Проблемаҳои баҳодиҳӣ бо дарназардошти кам будани ҷузъҳои амалкунанда нисбатан аҳамияти ночиз доранд. Аммо эҳтимоли таҷдид ва мукаммалгардонии тарзи интихоби кормандон, сохтори ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби онҳо ба миён меояд.
Муҳити мушкил ва ноустувор. Ин ҳолати беруна барои фаъолияти хадамоти корбарии кормандон мувофиқ аст. Он ҷараёни банақшагирии кадриро хеле мушкил мегардонад. Аз сабаби зиёд будани проблемаҳо, мушкилиҳои ҷамъоварии маълумот ва хулосабарориҳо аз таҷрибаи қаблӣ пешгӯии тағйироти кадрӣ мушкил аст. Идоракунии кормандон ва банақшагирии он бо сабаби тағйироти мавсими эҳтиёҷот ба мутахассисон бо дарназардошти ноустувории бозор мушкил мегардад. Аз ин ҷо, зарурати истифодаи хизматрасониҳои агентҳои кадрӣ ба миён меояд.
7.3. ХУЛОСАҲОИ МУХТАСАР
-
Таҳлили стратегиро бо тадқиқоти муҳити берунаи ташкилот оғоз менамоянд. Мақсади ин тадқиқот аз дастрас намудани маълумот оид ба таҳдидҳо ва имкониятҳои муҳити беруна, ки барои дурнамои фаъолият ба инобат гирифтани онҳо заруранд, иборат аст. Таҳлили муҳити беруна барои ошкор намудани омилҳои мусоидаткунанда ё монеъшавандаи ноилшавӣ ба комёбиҳои тиҷоратии ширкат имконият медиҳад;
-
Намудҳои зерини муҳити берунаро қайд менамоянд: муҳити тағйирпазир, муҳити хусумат, гуногунии муҳит ва муҳити душвори техникӣ. Омилҳои муҳити беруна ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд: гурӯҳи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё