Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Танзими давлатии минималӣ буда, тағйирот дар фарҳанг таъсири начандон калони мутақобила дорад ва дар муҳити мушкил, масалан донишгоҳҳо фаъолият менамоянд. Дар онҳо маҷмӯи як қатор илмҳо ба ҳам бармехӯранд. Донишгоҳҳо бо ҳукумат ва ташкилотҳои фондӣ, ассосиатсияҳои касбӣ ва илмӣ, хатмкунандагон ва корпорасияҳо дар алоқамандӣ қарор доранд. Ин омил миқдори зиёди ҷузъҳои беруна ва ҳолати мушкили берунаро ба амал меорад.
Чен намудани муҳити беруна аз рӯи принципи «устувор ва ноустувор». Тафсилоти мазкур ба суръати тағйирпазирии муҳити беруна алоқамандӣ дорад.
Ташкилотҳо дар ҷое фаъолият менамоянд, ки дар онҳо тағйирпазирии як ва ё якчанд омилҳо оҳиста ё босуръат сурат мегиранд. Барои мисол, ширкате, ки ба истеҳсоли техникаи электронӣ – ҳисоббарор машғул аст, дар шароити ноустувор ва ё инкишофёбандаи муҳити беруна фаъолият менамояд. Ташкилотҳои мунисипалӣ бошанд (масалан мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ё сохторҳои тозакунандаи муҳити атроф), дар ҳолати устувор ва эътидол фаъолияти худро амалӣ месозанд.
Ҳолати «мушкил – устувор»-и муҳити беруна дараҷаи баланди номуайяниро доранд. Дар аудити беруна бояд миқдори зиёди омилҳо ба инобат гирифта шаванд, таъсири онҳо ба самаранокии ташкилот бояд таҳлил ва баҳогузорӣ гарданд. Аммо дар чунин муҳит омилҳои беруна зуд ва ё ғайричашмдошт тағйир намеёбанд. Фаъолияти донишгоҳҳо, ширкатҳои истеҳсолкунандаи таҷҳизоти электронӣ, ширкатҳои суғуртавӣ маҳз дар ҳамин хел муҳит амалӣ мегарданд.
Ҳолати «одӣ – ноустувори муҳити беруна». Дар чунин ҳолат дараҷаи номуайянӣ афзоиш меёбад. Масалан, дар чунин ҳолат, истеҳсолкунандагони либосҳои муд, техникаҳои ҳисоббарори МЭҲ, шоу – бизнес фаъолият менамоянд. Дар чунин муҳит фаъолият намуда, ин ташкилотҳо ба тағйирёбии мунтазами талабот ва эҳтиётчоч дучор мегарданд.
Ҳолати «мушкил – ноустувори» муҳити беруна. Дар вазъияти ноустувори ба амаломада дараҷаи номуайянӣ баланд мегардад. Дар ин ҳолат шумораи зиёди омилҳои беруна ба ташкилот таъсир мерасонанд ва онҳо аксаран тағйир ёфта, ба ташаббусҳои ташкилот якбора таъсир менамоянд. Дар вақти якбора тағйир ёфтани якчанд омилҳо муҳити беруна ноустувор мегардад. Ба ин муҳит, масалан ширкатҳои электронӣ ва ҳавопаймоӣ, корпорасияҳои кайҳонӣ, ширкатҳои алоқа, ширкатҳои дорубарорӣ ва бисёр дигар ширкатҳо дучор мегарданд.
Нишондиҳандаҳои мушкил ва ноустувори муҳити беруна ба амалҳои хусусияти ташкилидоштаи зерсохторҳои ташкилот таъсири мутақобила доранд. Барои мисол, таъсиррасонии ин нишондиҳандаҳо ба сохтори кадрии ташкилот дида мебароем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё