Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗУИ 7. ТАҲЛИЛИ СТРАТЕГИИ МАКРОМУҲИТ ВА СОҲА
Натиҷаи баҳодиҳии хотимавӣ дар мавриди қабули қарорҳои стратегӣ мумкин аст, масалан оид ба интихоби стратегияи корбарии ширкат ислоҳи стратегияи мавҷуда истифода мешавад.
Таҳлили номуайянии муҳити ташкилӣ
Омилҳои бисёри муҳит мавҷуданд, ки ба ташкилот таъсири номуайян мерасонанд. Барои он ки ташкилот даромаднок гардад, бояд ба ин номуайяниҳо рақобат намояд. Номуайянии муҳити беруна маънои онро дорад, ки дар бисёр мавридҳо қарорҳои қабулшуда бе маълумоти лозима нисбати муҳити беруна қабул гардида, роҳбарони қарорҳои мазкурро қабул намуда барои пешгӯии муҳити беруна мушкилӣ мекашанд. Ҳолати номуайянӣ эҳтимолияти хатарҳои нобарории стратегияро баланд намуда, баҳисобгирии хароҷотро мушкил мегардонад, ки ба самти алтернативии стратегӣ нигаронида шудаанд.
Ташкилот барои дастрас намудани маълумоти зарурӣ дар бораи муҳити номуайян ба воситаи таҳлилҳо мекушад. Дар ин сурат ташкилот кӯшиш менамояд, ки омилҳои зиёди вазъияти ба амаломадаро ба модели фаҳмо ва мукаммал, ки барои рушди минбаъда мусоидат менамоянд, баробар намояд ва аз рӯи модели мазкур фаъолияти худро ба роҳ монад.
Дар қисмҳои минбаъда таснифоти номуайянии муҳити беруна ва таҳлили амалиёти ҷавобии ташкилот, ки бо ёрии онҳо таъсироти манфиро метавон бартараф намуд, дарҷ гардидаанд.
Ҳолате, ки ташкилот ба он сару кор мегирад, якранг нест, аз ин лиҳоз, ба он дараҷаҳои гуногуни номуайянӣ хос аст, ки тавассути ду хусусият тасниф мегарданд.
• Дараҷаи одӣ ва ҳолати мушкил;
• Дараҷаи эътидолӣ ва ғайриэътидолии воқеаҳо.
Номуайянии муҳити беруна бо баланд рафтани зудинкишофӣ ё мушкил гардидани шароитҳо зиёд мешавад. Дараҷаи зудинкишофии муҳити беруна дар заминаи суръат ва тағйирпазириҳои мунтазам муайян мегардад.
Чен кардани номуайянии муҳити беруна аз рӯи принципи «одӣ — мушкил» ба миқдор ва номувофиқатии ҷузъҳои беруна вобастагӣ дорад, ки ба фаъолияти ташкилот алоқаманд аст. Дар муҳити мушкили беруна таъсири мутақобилаи омилҳои гуногун вуҷуд доранд, ки ба ташкилот таъсир мерасонанд.
Як қатор мисолҳоеро овардан мумкин аст, ки ташкилот дар муҳити одӣ амал менамояд, масалан мағозаи хӯрокворӣ ё курсҳои омӯзишии забонҳои хориҷӣ. Дар ин ҳолат, як қатор рақибон, аз ҷумла интиқолдиҳандагон ва истеъмолкунандагон ба ҳайси ҷузъи ягона ва муҳими муҳити беруна арзёбӣ карда мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё