Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
ва таҳлили рақобат аз рӯи ҳар як ҷузъ дар алоҳидагӣ иборат аст. (Ҷадвали 7.5).
Ҷадвали 7.5. Тарзҳои асосии таҳлили омилҳои микромуҳит дар ширкат
Қисмати макромуҳит | Мақсади таҳлил | Сарчашмаи маълумот | Тарзҳои таҳлил Рақибон | Муайян намудани махсусияти рақибон, мавқеи онҳо дар бозор, баҳодиҳии рақибони эҳтимолӣ, дурнамои ҳолати рақобат | Натиҷаҳои тадқиқоти маркетингӣ, ВАО, маълумоти оморӣ. | Таҳлили рақобат, тарзи ташхисии пешгӯӣ Истеъмолкунандагон | Муайян намудани тахассуси истеъмолкунандагон, муайян намудани дархостҳо ва дурнамои ҳавасмандиҳои онҳо. | Натиҷаҳои тадқиқоти маркетингӣ, ВАО, маълумоти оморӣ. | Анкетакунонӣ, назарпурсӣ, ба ҳисоб гирифтани нишондодҳо, қаноатмандиҳо, тадқиқоти маркетингӣ.
Интиқолдиҳандагон | Ташаккули тахассуси интиқолдиҳандагон, баҳодиҳии онҳо, дурнамои ҳамкорӣ бо онҳо. | Ҳисоботи дохилии ширкат, натиҷаи мониторингҳо | Таҳлили рақобатнокӣ, тарзи ташхисии пешгӯӣ Аудиторияи алоқакунанда | Муайян намудани ҳамаи ташкилотҳо, ки ширкат бо онҳо алоқамандӣ дорад, баҳодиҳии ҳамкориҳои оянда. | Ҳисоботи дохилии ширкат, ВАО, маълумоти расмии корхонаҳои давлатӣ | Таҳлили муқоисавӣ, методи ташхисии пешгӯӣ
Дар марҳилаи сеюм бояд таҳлили омилҳои макромуҳит ва дараҷаи таъсирнокии онҳо ба ширкат гузаронида шавад.
Гузаронидани ин таҳлил барои муайян намудани имконият ва хатарҳои эҳтимолӣ аҳамияти муҳим дорад, зеро ки омилҳои макромуҳит на танҳо ба ширкат, балки ба омилҳои бевоситаи муҳити ташкилот таъсир мерасонанд. Агар чунин таҳлил саривақт амалӣ карда нашавад, пас ширкатҳои рақиб имкониятҳои эҳтимолии худро метавонанд истифода намоянд.
Марҳилаи чорум дар асоси амалӣ намудани баҳодиҳии хотимавии омилҳои муҳити ширкат роҳандозӣ мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё