Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗЪИ 7. ТАҲЛИЛИ СТРАТЕГИИ МАКРОМУҲИТ ВА СОҲА

  1. Таҳлили муҳити рақобатнок:
    Суръатнокии рақобат (заиф, миёна, сахт, тарзҳои муборизаи рақобатнок);
  • Эҳтимолияти воридшавии ширкатҳои нав ба бозор (баланд, миёна, паст, баҳодиҳии монеаҳои воридшавӣ);
  • Фишори рақобатнокӣ аз ҷониби истеҳсолкунандагони маҳсулот – ивазшавандагон (суст, миёна, сахт, сабабҳо);
  • Сатҳи таъсиррасонии ширкатҳо – харидорон (баланд, миёна, ночиз, сабабҳо);
  1. Қувваҳои ҳаракаткунанда:

  2. Мавқеи рақобатнокии бозингарони асосӣ (гурӯҳи стратегӣ):

  • Ишғоли мавқеи мусоид, сабабҳо;
  • Ишғоли мавқеи номусоид, сабабҳо.
  1. Таҳлили рақибон:
  • Стратегияи рақибон, таъсири эҳтимолии онҳо дар оянда;
  • Иншооти аҳамияти муҳимдошта (сабабҳо).
  1. Омилҳои асосии комёбиҳо:

  2. Дурнамои соҳа ва ҷолибияти умумии он:

  • Омилҳои ҳавасмандӣ ва ҷолибият
  • Омилҳои ғайриҳавасмандӣ
  • Проблемаҳои хоси соҳа
  • Дурнамои гирифтани даромад (мусоид ва ғайримусоид)

Аз рӯи ақидаи П. Друкер, менеҷерҳо бояд дақиқан фаҳманд, ки кадом молҳо (бозорҳо, самтҳои маҳсулот) дар шароити имрӯза муҳим мебо- шанд ва даромад оварда, барои ояндаи бобарор заминаи мусоид мегузоранд. Самтҳои мазкур барои менеҷерон афзалиятноканд:

  • кӯшишҳо дар самти тадқиқот ва таҳияҳои илмӣ барои роҳандозии оянда;
  • донишҳои муҳими нав ва самтҳои нави фурӯши маҳсулот;
  • кам намудани хароҷоти калон ва назорати хароҷоти беҳуда дар сохтори хароҷот;
  • бизнес «худаш худашро мефаҳмад» ҳисоб мекунад П. Друкер, агар чор намуди таҳлилҳо якҷоя карда шаванд:
  • таҳлили натиҷаҳо, даромадҳо, захираҳо;
  • таҳлили марказҳои хароҷот ва структураи хароҷот;
  • таҳлили маркетингӣ;
  • таҳлили дониш.

Барои қабули қарорҳо оид ба маҳсулот ва бозорҳо дар вобаста ба дурнамои фурӯш воситаи содаи амалӣ, бо номи «матритсаи маҳсулот – бозор» амал мекунад. Барои ташкили он бояд бозорро барои тиҷорати муҳим ҷудо намуд ва маҳақҳои ҷолибияти онҳоро интихоб намуд. Масалан,

пешина
аз 469
навбатӣ