Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
ҳиссаи нисбии бозор, инкишофи он, даромаднокӣ ба ин раванд дохил мешавад.
Матритсаи мазкурро пур карда, дар байни маҷмӯи маҳсулот – бозор мумкин аст омилҳои дурнамо ва муаммодорро қайд намуд. Ба таҳияи стратегия оғоз намуда, мо бояд маълумоти зарурӣ ва омориро ҷамъ намоем, то ки барои қабули қарорҳои дурусти стратегӣ асос дошта бошем. Чунин маълумотро метавон тариқи назарпурсӣ (анкета) ва аз сарчашмаҳои интишоргардида ба даст овард.
Қувваҳои ҳаракаткунандаи тағйироти соҳа чунинанд:
• Рушди интернет ва тиҷорати электронӣ;
• Глобализатсияи рушдёбандаи соҳа;
• Тағйирёбии тамоюли дурнамои иқтисодии соҳа;
• Ҳайати истеъмолкунандагон, тарзҳои нави истифодаи молу амвол;
• Истифодаи молҳои нав;
• Рушди технологияҳо;
• Навовариҳои маркетингӣ;
• Воридшавӣ (баромадан)-и ширкатҳои калон ба бозор;
• Паҳн намудани навовариҳои ояндадор;
• Тағйирот дар хароҷот ва даромадҳо;
• Инкишоф (пастравӣ)-и эҳтиёҷоти стандартии молҳо;
• Тағйирот дар қонунгузориҳо ва сиёсати давлатӣ;
• Арзишҳои ҷамъиятӣ ва тарзи ҳаёт;
• Паст намудани номуайянӣ ва хатарҳо дар тиҷорат.
Хулосаи муҳими таҳлили соҳа аз муайян намудан ва пешгӯии омилҳои асосии комёбиҳои соҳа иборат аст. Омилҳои асосии комёбиҳо иборатанд аз:
• Тафсилоти иқтисодӣ ва техникии соҳа;
• Дар соҳа истифода намудани муборизаи рақобатнок.
Методикаи гузаронидани таҳлили муҳити беруна
Таҳлили муҳити берунаи ширкат қисми муҳими идоракунии стратегӣ ва асосноки қабули қарорҳои стратегӣ мебошад. Чунин таҳлил бояд бо истифодаи имкониятҳои мавҷуда бо мақсади муайян намудани дурнамо, паст намудани хатарҳо ва пешгӯии талаботи муҳити беруна мунтазам гузаронида шаванд.
Истифодаи маҷмӯии таҳлили муҳити берунаи ширкат аз чор марҳилаи
қабули қарорҳои актуалӣ ва ислоҳшудаи стратегӣ иборат аст. (Расми 7.3.)
Марҳилаи аввал аз гузаронидани таҳлили соҳавӣ, яъне муайян намудани махсусиятҳои ин ё он соҳаи фаъолияти ширкат иборат аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё