Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Даромаднокии соҳа Соҳаҳои сердаромад дар бозор дигар ширкатҳоро ҷалб менамоянд, соҳаҳои камдаромад бошад, ба дигар соҳа гузаштани ширкатро роҳандозӣ менамоянд.

Шартҳои ворид гарди-дан ба бозор ва баромадан аз он Монеаҳои баланди воридшавӣ барои нигоҳ доштани мавқеъ ва даромаднокии ширкатҳои амалкунанда ва монеаҳои на он қадар баланд ба пайдоиши рақибони нав мусоидат менамоянд.

Арзиши аслӣ ва аҳа-мияти маҳсулот Қисми зиёди харидорон барои пастравии нархи ашёҳои калон ва қимат ҳавасманданд.

Стандартизатсияи маҳсулот Ҳар қадаре ки стандартизатсияи маҳсулот баланд бошад, ҳамон қадар аз ҷониби харидорон фишор ба назар мерасад, барои он ки аз як истеҳсолкунанда ба истеҳсолкунандаи дигар гузаштан барои онҳо осон аст.

Тағйироти босуръат дар технология Омили зиёд гардидани хатар барои воридшавӣ ба соҳа. Таҷҳизот ва дастгоҳҳо пештар аз он ки фарсуда шаванд, кӯҳна мегарданд.

Талабот ба сармояи аввалия Талаботи калон ба андозаи сармояи аввалия монеаи асосии воридшавӣ ва баромаданро аз соҳа ташкил менамоянд.

Ҳамгироии амудӣ Талаботро ба сармояи аввалия зиёд мегардонад, ба хусусияти рақобатнокӣ ва дараҷаи хароҷоти истеҳсолии ширкатҳои пурқувват ва зайф таъсир мерасонад.

Сарфакорӣ дар андозаи ҳудудҳо Ҳаҷми истеҳсолот ва ҳиссаи бозорро баланд менамояд.

Мукаммалгардонии бо-суръати маҳсулот Марҳилаи фаъоли молро кам ва хатари ба бозор ворид намудани навъҳои нави молро аз ҷониби рақибон зиёд менамояд.

Ҷадвали 7.4. Паҳн намудани натиҷаҳои таҳлили соҳа ва муҳити рақобатнок.

  1. Тафсилоти асосии иқтисодии соҳа:
    Ҳаҷм ва суръати инкишофи бозор, нишондиҳандаҳои ҷуғрофӣ, миқдор ва ҳаҷми ширкатҳо - харидорон ва фурӯшандагон, суръати тағйироти технологӣ, навовариҳо, имкониятҳои сарфакунӣ дар масоҳат ва самаранокии омӯзиш, гунҷоиши сармоя ва ғайра.
пешина
аз 469
навбатӣ