Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 7. ТАҲЛИЛИ СТРАТЕГИИ МАКРОМУҲИТ ВА СОҲА
Сатҳи пешравии рақибони асосӣ ва самтҳои он аз рӯи занҷираи технологии («ба пеш» ва «ба қафо»);
Роҳҳои паҳн намудани маҳсулот;
Суръати тағйироти технологигӣ дар истеҳсолот ва суръати коркарди молҳои нав;
Дараҷаи тафриқаи мол (хизматрасониҳо) - и ширкатҳо - рақибон (баланд, суст, вуҷуд надорад);
Имконияти сарфаи иқтисодӣ дар самти харид, истеҳсолот, интиқолдиҳӣ, маркетинг ва реклама;
Зичии ҷойгир намудани ширкатҳои асосӣ дар минтақаҳои муайян;
Мавҷудияти самаранокии омӯзиш;
Дараҷаи сарбории иқтидорҳои истеҳсолӣ ҳамчун шарти асосии паст намудани хароҷоти истеҳсолӣ;
Ҳаҷми зарурии сармоягузорӣ, шартҳои ворид гардидан ба соҳа ва баромадан аз он;
Нишондиҳандаи даромаднокии соҳа. (баланд ва ё пасттар аз миёна).
Тафсилоти иқтисодии соҳа ба раванди коркарди стратегия таъсири зиёд мерасонад. Масалан, дар соҳаҳои сармоягузоришуда, ки арзиши як завод садҳо миллион долларро ташкил медиҳад, қисман паст намудани вазни хоси хароҷот дар арзиши маҳсулот аз ҳисоби истифодаи бомароми воситаҳои асосӣ ва баланд гардидани даромаднокӣ мумкин аст.
Ҷадвали 7.3. Намунаҳои аҳамияти стратегии тафсилоти иқтисодии соҳа.
Тафсилоти иқтисодӣ | Аҳамияти стратегӣ
---|--- Ҳаҷми бозор | Бозорҳои хурд ширкатҳои калонро хеле кам ҷалб менамоянд, бозорҳои калон барои ширкатҳое, ки мехоҳанд устуворӣ ва мавқеи хуби рақобатнокиро дар соҳа ба даст оваранд, бисёр ҷолиб мебошанд.
Суръати инкишофи бозор | Бозорҳои тезрушдёбанда рақибони навро ҷалб менамоянд, пастравии суръати бозор рақобатро пурзӯр намуда, ширкатҳои заифро танг карда мебарорад.
Зиёдатии ва камбудиҳои иқтидори истеҳсолӣ | Зиёдатии иқтидорҳои истеҳсолии соҳа ба коҳиши нарх ва даромаднокии ширкат ва камбудии иқтидор бошад, ба болоравии ҳарду нишондиҳанда оварда мерасонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё