Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
- Муҳиммияти умумии соҳа ва ояндабинии даромаднокӣ. Агар соҳа муҳим арзёбӣ карда шавад, пас маънои интихоби стратегияи шиддатнок вуҷуд дорад.
7.2. ТАҲЛИЛИ СТРАТЕГИИ СОҲА
Соҳа гурӯҳи ширкатҳое мебошад, ки маҳсулоти онҳо умумияти истеъмолӣ дошта, барои як категорияи истеъмолкунандагон пешбинӣ карда шудаанд.
Соҳаҳо аз рӯи тафсилоти иқтисодии худ, шароитҳои рақобатнокӣ ва гирифтани даромад фарқияти калон доранд.
Тафсилоти иқтисодӣ — шароити рақобат ва тағйироти эҳтимолии он барои пешгӯии даромаднокии ин соҳаҳо имконият медиҳанд. Ҳамаи ин раванд ба соҳа вобаста мебошад. Ширкатҳои пуркуввате вуҷуд доранд, ки дар соҳаҳои на он қадар ҷолиб бо мушкилиҳои зиёд ба муваффақият ноил мегарданд, аммо ширкатҳои на чандон пуркувват дар соҳаҳои устувор ва ҷолиб метавонанд нишондиҳандаҳои назаррас ба даст биёранд.
Барои таҳлили ҳолати умумӣ ва шароитҳои рақобати соҳа тарзу усулҳое таҳия гардидаанд, ки бо ёрии онҳо стратегияи оптималӣ ташкил ва ҳавасмандии сармоягузории он баҳогузорӣ карда мешавад. Таҳлил тадқиқоти фаъолияти ширкатро дар заминаи муҳити беруна дар бар мегирад. Мақсади таҳлил баҳодиҳии омилҳои асосии муҳити беруна мебошад:
• Тафсилоти асосии иқтисодии соҳа;
• Шакл ва шиддатнокии рақобат;
• Сабабҳои тағйирот дар сохтори рақобат ва муҳити беруна;
• Омилҳои асосии комёбиҳо дар муборизаи рақобатнок;
• Ҷалби умумии соҳа ва дурнамои ба даст овардани даромад баландтар аз ҳисоби миёнаи соҳа.
Тафсилоти асосии иқтисодии соҳа
Таҳлили вазъи умумӣ ва рақобатнокӣ дар соҳа аз омӯзиши тафсилоти иқтисодӣ оғоз мегардад, ки омилҳои зерин ба он дохил мешаванд:
• Ҳаҷми бозор;
• Ҳудуди рақобат (амудӣ, минтақавӣ, миллӣ, глобалӣ);
• Суръати инкишофи бозор ва марҳилаҳои фаъоли он (ибтидои рушд,
инкишофи босуръат, оғози камолот, камолот, мукаммалӣ ва таназзул);
• Миқдори рақибон ва ҳаҷми нисбии онҳо (ширкатҳои хурди зиёд ё
ширкатҳои ками начандон калон);
• Миқдори харидорон, аз ҷумла саноатӣ ва андозаи нисбии ширкатҳо;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё