Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 7. ТАҲЛИЛИ СТРАТЕГИИ МАКРОМУҲИТ ВА СОҲА
• Баҳодиҳии тағйироти ҳозира ва ояндаи муҳит аз рӯи нуқтаи назари стратегия ва оқибатҳои он барои ташкилот.
-
Роҳбар бояд дар маҷмӯъ муҳити атрофро ба инобат гирад, зеро ки ташкилот сохтори кушода аст ва он аз мубодилаи якдигари захираҳо ва натиҷаҳои фаъолият бо ҷаҳони беруна вобаста аст.
-
Барои ба мушкилӣ дучор нашудан набояд айнан тавсияҳои муаллифони моделҳои стратегиро роҳандозӣ намуд. Дар хотир доред, ки чунин тавсияҳо аз ҷониби одамони одӣ фикр карда шудаанд, аз ин лиҳоз ақидаҳои худро инкишоф дода, ба фикрҳои солим такя намоед.
-
Барои баланд бардоштани самаранокии василаҳо, ба мисли SWOT-таҳлил, зарур аст, ки ба мақсад ва мафҳумҳои ақидаи ин муаллифон чуқуртар сарфаҳм рафта, хулоса баровардан лозим аст, ки таъсири ояндаи онҳо чӣ гуна мебошанд.
-
Рақобат, пеш аз ҳама, аз қувваҳои ҳаракаткунанда вобаста аст, ки тағйироти назаррасро дар соҳа ба миён меоранд. Таҳлили қувваҳои ҳаракаткунанда - зарурати заминавии таҳияи стратегияи мақсаднок ба шумор меравад.
-
Шакл ва шиддатнокии рақобат. Дар соҳа одатан панҷ омили рақобат мавҷуд аст: ҳамкорӣ байни иштирокчиёни соҳа, имкониятҳои ба соҳа ворид гардидани рақибони нав, рақобат аз ҷониби истеҳсолкунандагони мол, таъсири ширкатҳои интиқолдиҳанда. Вазифаи таҳлили рақобат дар соҳа аз баҳодиҳии ҳар як омил иборат аст. Дараҷаи шиддатнокии рақобатро муайян ва стратегияи рақобатро таҳия намуда, аз рӯи имконият бояд ширкатро аз таъсири ин панҷ омил бехатар гардонид, дуюм, қоидаи рақобатро дар соҳа барои пешрафти ширкат истифода бурд, сеюм, ба бартариҳои рақобат ноил гашт.
-
Дар бораи рақибони худ назар ба он ки онҳо дар бораи Шумо маълумот доранд, маълумоти бештар доштан лозим аст. Ин тарзи ягонаест, ки бартариҳои Шуморо дар назди онҳо таъмин месозад.
-
Ширкате, ки оид ба рақибони худ маълумоти мукаммал ва дуруст дорад, дар ҳолати якхела будани шароит нисбатан дар мавқеи ғолибият қарор мегирад.
-
Омилҳои муҳим дар соҳа – аҳамияти истеъмолӣ доштани мол, таҷриба ва дониш, имкониятҳои рақобат, муваффақият дар бозор ва умуман ҳама чизе, ки баланд бардоштани даромаднокии ширкатро таъ-мин месозанд.
-
Ҷонибҳои пуркувват ва сусти рақобат. Таҳияи харитаи гурӯҳи стратегия – воситаи пурарзиши баҳодиҳӣ ва муқоисаи мавқеи ширкатҳои рақобаткунанда дар бозор аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё