Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ТАРЗҲОИ ЭЪТИНОЙ БА ТАҒЙИРОТИ МУҲИТИ БЕРУНА

Дар фаъолияти амалӣ тарзҳои гуногуни эътиной ба тағйироти муҳити беруна истифода мешаванд. Муносибатҳои зерин нисбатан маъмул мебошанд:

«мубориза бо оташ», ё тарзи омехтаи идоракунӣ. Ин муносибат қарори идоракуниро баъди тағйироти ба вуҷудомада дар назар мегирад, он то ҳозир дар ташкилотҳои гуногуни Россия паҳн гардидааст;

Васеъшавии самти фаъолият ё диверсификатсияи истеҳсолот ва сармоя ҳамчун воситаи паст намудани хатарҳо ҳангоми тағйироти муҳити беруна;

Мукаммалгардонии сохтори ташкилии идоракунӣ барои баланд намудани чандирӣ. Дар ин ҳолат ташкилот метавонад марказҳои даромад, воҳидҳои стратегии тиҷорат ва дигар сохтори чандириро ташкил намояд, ки барои ноил гардидан ба мақсадҳои ниҳоӣ нигаронида шудаанд;

Идоракунии стратегӣ. Дар ҳама ҳолат ташкилот бояд маълумоти стратегиро оид ба муҳити беруна ҷамъоварӣ намояд. Сарчашмаҳои ин гуна маълумот метавонанд мақомоти махсус, интиқолдиҳандагон ва миёнаравон, харидорон, ташкилотҳои хизматрасон бошанд. Мутахассисон ва кормандони ташкилот манбаи муҳими маълумот оид ба муҳити беруна мебошанд.

Масалан, дар ширкати Procter&Gamble идоракунандагони мол дар якҷоягӣ бо роҳбарони шуъбаи фурӯш ва тадқиқоти бозор оид ба фаъол будани рақобат аз рӯи ҳар як категорияи маҳсулот ҳисобот омода менамоянд. Кормандони шуъбаи таъминот ҳам оид ба навовариҳои соҳаи интиқолдиҳандагон ҳисобот тайёр мекунанд. Ин ҳисобот дар ҷараёни қабули қарорҳои стратегӣ истифода ва инчунин ба роҳбарият пешниҳод карда мешаванд.

Дар ширкати Lufthansa ҳар моҳ аз ҷониби зерсохторҳо варақаи махсус пур карда мешаванд, ки дар он далелҳои аз ҷониби кормандон ошкоргардида, тамоюлҳои муҳити беруна, ки ба ақидаи онҳо метавонанд ба фаъолияти ташкилот таъсир расонанд, қайд мегарданд. Чунин варақаҳо дар дигар минтақаҳое, ки ширкат дар он ҷойҳо кор мекунад, пур карда шуда, ба дафтари марказии ширкат пешниҳод карда мешаванд ва дар асоси таҳлили онҳо қарорҳои стратегӣ таҳия мегарданд.

Гузаронидани таҳлили макромуҳит чор амалиётро дар бар мегирад:
• Нусхабардории муҳит барои ошкор намудани тағйироти мавҷуда ва тағйироти ба амалоянда;
• Мониторинг ҷузъҳои алоҳидаи муҳит ва намунаҳои тағйирот бо мақсади муайян намудани таҳаввулоти онҳо;
• Лоиҳакашӣ - муайян намудани самтҳои тағйироти ояндаи муҳит;

пешина
аз 469
навбатӣ