Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗУИ 7. ТАҲЛИЛИ СТРАТЕГИИ МАКРОМУҲИТ ВА СОҲА

• Нишондиҳандаҳои босуръати кӯчиш ва муҳоҷират;
• Нишондиҳандаҳои давомнокии миёнаи ҳаёт;
• Хароҷоти ҷорӣ;
• Моҳияти зиндагӣ;
• Стандартҳои таҳсилот;
• Одатҳои харидорӣ;
• Муносибат ба меҳнат;
• Муносибат ба истироҳат;
• Муносибат ба сифати маҳсулот ва хизматрасониҳо;
• Талаб намудани назорат аз болои ифлосшавии муҳити зист;
• Сарфаи қувваи барқ;
• Муносибат бо ҳукумат;
• Муаммоҳои муносибати байни миллатҳо;
• Масъулияти иҷтимоӣ;
• Некуаҳволии иҷтимоӣ.

Омилҳои технологӣ. Омилҳои мазкур он қадар таъсири калон доранд, ки аксаран онҳоро ҳамчун василаи инкишофи истеҳсолию иҷтимоӣ маънидод менамоянд. Марҳилаҳои инқилобии технологӣ ва кашфиёти даҳсолаҳои охир, масалан, истеҳсолот бо ёрии роботҳо, ба зиндагии ҳаррӯзаи одамон ворид гардидани компютер, навъҳои нави алоқа, нақлиёт, олот ва ғайра имкониятҳои зиёд ва дар баробари ин хатарҳои зиёдро ба миён мегузоранд, ки менеҷерҳо бояд сари ин масъала андешаронӣ намуда, онҳоро эътироф ва қабул намоянд. Як қатор навовариҳо метавонанд соҳаҳои навро кушода, соҳаҳои пешинаи куҳнашударо банданд. Рушди бемайлони технологияҳо марҳилаи ҳаётии маҳсулотро кам мегардонад, барои ин ташкилотҳо бояд дарк намоянд, ки кадом технологияҳо чӣ гуна хусусият доранд ва онро бояд самаранок ва мақсаднок истифода намоянд.

Навъҳои муҳити беруна. Навъҳои асосии муҳити беруна инҳоянд:

  1. Муҳити тағйирёбанда бо таҳаввулоти зуди худ фарқ мекунад. Инҳо метавонанд навовариҳои техникӣ, таҳаввулоти иқтисодӣ, тағйироти қонунгузорӣ, навигариҳои сиёсати рақибон ва ғайра бошанд. Чунин муҳити ноустувор, ки барои идоракунӣ мушкилии зиёд меорад, ба бозори Россия хос аст;

  2. Муҳити рақобатнок рақобати сахт, мубориза барои истеъмолкунандагон ва бозори фурӯши молу маҳсулотро дар бар мегирад. Ба ин муҳит саноати автомобилбарории ИМА ва мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ, ИМА ва Ҷопон мансубанд;

  3. Муҳити гуногунранг барои тиҷорати глобалӣ хос аст. Мисоли равшани ин тиҷорат ширкати McDonalds маҳсуб мегардад, ки дар қисми зиёди мамлакатҳо бо гуногунии маҳсулот ва бомаззагии онҳо фаъолият менамояд. Ин гуногунрангиҳо ба фаъолияти ширкат ва сиёсати муносибати он нисбати харидорон таъсир мерасонад;

пешина
аз 469
навбатӣ