Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
мегардонад. Вале агар қурби сомонӣ баланд гардад, содирот қимат намешавад, ки ин хавфи рақобатнокии ташкилотҳои дохилиро нисбати ташкилотҳои молистеҳсолкунандаи хориҷӣ ба миён меорад.
Суръати рушди иқтисодӣ ба имконият ва хатарҳои ташкилот таъсир мерасонад. Вақте ки инкишофи иқтисодӣ ба амал меояд, хароҷоти истеъмолкунандагон зиёд мешаванд ва бо сабаби миқдори зиёд гардидани ташкилотҳо ва диққатҷалбкунанда гардидани соҳа ба ташкилот фишори рақобат ба миён меояд. Паст рафтани суръати иқтисодӣ ва кам гардидани хароҷоти истеъмолкунандагон низ ба афзудани фишори рақобат оварда мерасонад. Дар ин вазъи буҳронӣ ташкилот мехоҳад мавқеи худро нигоҳ дорад.
Муфлисшавӣ. Ҳукумати бисёр мамлакатҳо барои паст намудани дараҷаи муфлисшавӣ чораҳои лозима мебинанд. Одатан натиҷаи чунин чорабиниҳо - ин паст рафтани ставкиаи фоизҳо ва дар ин замина ба миён омадани рушди иқтисодӣ ба шумор меравад. Ташкилот аз он ҷиҳат изҳори нигаронӣ менамояд, ки дар сурати баланд гардидани муфлисшавӣ вазъи иқтисодии оянда пешгӯинашаванда гардида, банақшагирии мушкил мегардонад.
Ба ғайр аз омилҳои зикргардида омилҳои дигари иқтисодӣ низ мавҷуданд:
Сохтори истеъмолкунӣ ва зинаҳои рушди он;
Шароитҳои иқтисодӣ дар давлатҳои хориҷӣ;
Нишондиҳандаҳои тавозуни фурӯш;
Тағйирёбии талабот;
Сиёсати пулию қарзӣ ва молиявӣ;
Тамоюлот дар бозори коғазҳои қиматнок;
Сатҳи маҳсулнокии меҳнат дар соҳа ва суръати инкишофи он;
Рушди ММД;
Фоизи андозҳо.
Омилҳои маданӣю иҷтимоии мазмуни зиндагӣ, кор ва истеъмолии моро ташаккул медиҳанд ва ба ҳамаи ташкилотҳо таъсир мерасонанд. Тамоюлҳои нави ҷаҳонӣ истеъмолкунандаи навро ба миён меоранд, ки албатта, барои қонеъ намудани талаботи он молу амволи нав лозим аст. Дар ин сурат стратегияи нави ташкилот муайян мегардад. Барои мисол, аҳолии аз 58- 63 сола боло барои ташкилоте, ки дар соҳаи истеҳсоли мол ва маҳсулот барои пиронсолон ва нафақагирон фаъолият менамояд, имкониятҳои хуби тараққиётрӯ фароҳам месозанд.
Омилҳои асосии маданӣю иҷтимоиро номбар кардан мумкин аст, ки ташкилот бештари вақт ба онҳо вомехӯрад:
Таваллуд; Фавт;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё