Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 7. ТАҲЛИЛИ СТРАТЕГИИ МАКРОМУҲИТ ВА СОҲА

• Қонунгузории иҷозатдиҳӣ ва экологӣ;
• Қонунгузории зиддиинҳисорӣ;
• Сиёсати пулию қарзӣ;
• Танзими давлатӣ;
• Ҳаҷми буҷети давлатӣ;
• Муносибати ҳукумат бо давлатҳои хориҷа.
Баъзе аз омилҳои зикргардида ба тамоми ташкилоти тиҷоратӣ таъсир мерасонанд, масалан тағйирот дар қонунгузории андоз. Дигар омилҳо ба як қисм ширкатҳо таъсир мерасонанд, масалан қонунгузории зиддиинҳисорӣ. Сеюм, пеш аз ҳама, ба ташкилотҳои сиёсӣ хос аст. Аммо дар ҳар ҳолате ки набошад, бевосита ва ё бавосита омилҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба ҳамаи ташкилотҳо таъсир мерасонанд.

Омилҳои иқтисодӣ. Як қатор омилҳои иқтисодӣ мавҷуданд, ки метавонанд ба ташкилот таъсири худро расонанд:
• То кадом андоза дастрас будани қарз;
• Таъсирнокии қурби асҳор;
• Чӣ қадар андоз супоридан лозим аст ва ғайра.

Иқтисоди рушдёбанда ва сатҳи инкишофи маҷмӯи иқтисодиёт ба қобилияти даромадгирии ташкилот таъсири бевосита мерасонанд. Муҳити макроиқтисодӣ дар маҷмӯъ дараҷаи имкониятҳои ба мақсад расидани ташкилотро муайян менамояд. Вазъияти бади иқтисодӣ талаботро нисбати молу амвол коҳиш медиҳанд, вазъияти устувори иқтисодӣ бошад, баръакс барои рушди ташкилот заминаи воқеӣ мегузорад.

Ҳангоми таҳлили вазъияти беруна барои ташкилоти мушаххас нишондиҳандаҳои зерини иқтисодиро бояд баҳогузорӣ намуд:

Дараҷаи фоизнокии қарзҳо дар иқтисодиёт ба дархостҳои истеъмолӣ таъсири зиёд дорад. Барои дастрас намудани мол истеъмолкунандагон бештари вақт қарз мегиранд. Бисёр шубҳанок аст, ки дар мавриди баланд будани фоизи ставкаҳо онҳо чунин амалро роҳандозӣ намоянд. Ташкилоте, ки нақшаи васеъшавӣ дорад ва аз ҳисоби қарзҳо маблағгузорӣ мешавад, дараҷаи ставкаҳои фоиз ва таъсирнокии онро ба арзиши сармоя назорат менамояд. Аз ин ҷо ставкаи фоизнокӣ ба ҷалби иқтидори стратегияҳои гуногун таъсири худро мерасонанд.

Мубодилаи қурби асҳор арзиши пули миллиро муайян месозад - сомонӣ дар робита бо арзиши воҳидҳои пулии дигар мамлакатҳо. Тағйироти қурби асҳор бевосита ба рақобатнокии маҳсулоти ташкилоте, ки ба хориҷи мамлакат онро интиқол медиҳад, таъсири худро мерасонанд.
Вақте ки арзиши сомонӣ нисбати дигар асҳор паст аст, молҳои дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда на он қадар арзиши баланд доранд, ки ин омил рақобатро заиф гардонида, аз ҷониби дигар интиқоли онро кам

пешина
аз 469
навбатӣ