Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

• макромуҳит ин муҳити берунаест, ки ташкилот ба он таъсир расонида наметавонад;

• Макромуҳит шароитҳои умумиро ташкил намуда, хусусияти махсус нисбати муносибат бо ширкатро надорад;

• Тамоми ҷузъҳои макромуҳит дар ҳолати алоқамандии мутақобила қарор доранд ва дараҷаи таъсиррасонии ҷузъҳои алоҳида аз андозаи ташкилот ва соҳаҳои фаъолияти он вобастагӣ дорад.

Микромуҳит муҳити наздиктарини ширкатро мефаҳмонад, ки дар доираи он фаъолият амалӣ карда мешавад. Микромуҳит хусусиятҳои зеринро доро мебошад:

• Барои ташкилот хос аст;

• Ташкилот метавонад ба муҳтаво ва хусусияти алоқамандӣ бо микромуҳит таъсир расонад.

Таснифоти омил ва навъҳои муҳити беруна

Раванди таҳлилии омилҳои муҳити беруна ва омӯзиши муҳити беруна ва таҳияи имкониятҳо ва хавфҳоро амалӣ менамояд, ки дар оянда чораҳои мувофиқро барои бартараф намудани онҳо истифода намояд. Барои ин ташкилот бояд нисбати муҳити беруна диққати ҷиддӣ диҳад ва имкониятҳоро барои расидан ба мақсадҳои ниҳоӣ истифода барад. Зеро ки муҳити беруна метавонад барои ташкилот хатарҳои ногаҳонӣ биёрад, аз ин рӯ, омӯзиш ва зери назорат қарор гирифтани муҳити беруна барои ташкилот зарур аст.

Омилҳои стратегии муҳити беруна, ки ба амалҳои ташкилот таъсир мерасонанд, ба чор гурӯҳ тақсим мешаванд:

  1. Сиёсӣ ва ҳуқуқӣ;

  2. Иқтисодӣ;

  3. Иҷтимоӣ ва маданӣ;

  4. Технологӣ.

Ҳар кадоми онҳоро дида мебароем.

Омилҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ. Омилҳои гуногуни хусусияти қонунгузорӣ ва ҳуқуқидошта метавонанд ба сатҳи имконият ва таҳдидҳои фаъолияти ташкилот таъсир расонанд. Ҳукуматҳои миллӣ ва хориҷӣ метавонанд барои ташкилотҳо ҳамчун сарчашмаи маблағгузор, корфармо, ҳамоҳангсози фаъолияти онҳо ва ҳамчун харидори маҳсулоти ташкилот бошанд. Барои ҳамин, таҳлили вазъи сиёсӣ барои ин ташкилотҳо аз нуқтаи назари муҳити беруна муҳим аст. Чунин омилҳо зиёданд, аз ин лиҳоз якчанд омилеро, ки дар мавриди таҳлили муҳити беруна зиёд ба чашм мерасанд, дида мебароем:

• Тағйирот дар қонунгузории андоз;

• Ҷобаҷогузории қувваҳои сиёсӣ;

• Алоқаи байниҳамдигарии доираҳои расмӣ ва ҳукумат;

пешина
аз 469
навбатӣ