Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 7. ТАҲЛИЛИ СТРАТЕГИИ МАКРОМУҲИТ ВА СОҲА
7.1. ТАҲЛИЛИ ОМИЛҲОИ СТРАТЕГИИ МУҲИТИ БЕРУНА
Муҳити берунаи ташкилот дар сохтори худ ду сатҳро дар бар мегирад: макромуҳит ва микромуҳит (расми 7.2). Макромуҳити ташкилот маҷмӯи омилҳои глобалии муҳити берунаро дар бар мегирад, ки ба фаъолияти он таъсир мерасонад. Дар навбати худ ташкилот ба ин омилҳо таъсир расонида наметавонад, танҳо дар тағйироти ба вуҷудояндаи онҳо эътино менамояд. Бевосита муҳити ташкилот дар алоқамандии мустаҳкам бо ташкилот вуҷуд дорад ва барои қабули қарорҳои стратегӣ таъсири калон мерасонад. Қайд намудан зарур аст, ки ташкилот метавонад ба хусусият ва мафҳуми ин алоқамандӣ таъсир расонда, дар ташаккули имкониятҳои нав ва бартараф намудани хатарҳо фаъолона иштирок намояд. Ҳангоми таҳлили макро ва микромуҳити ташкилот модели “ташкилот – муҳити беруна”, ки дар расми 7.2. оварда шудааст, истифода мегардад.
Макромуҳит дар худ чунин ҷузъиёти муҳитро дар бар мегирад: ҳолати иқтисодӣ, танзими ҳуқуқӣ, ҷараёнҳои сиёсӣ, муҳити табиӣ, инкишофи асосноки маданию иҷтимоӣ. Макромуҳит дорои хусусиятҳои зерин мебошад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё