Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Муҳити техникии душвор. Дар ин муҳит таҷҳизоти электронӣ, ҳисоббарор, телекоммуникатсия, ки маълумоти душвор ва мутахассисони соҳибмалакаро тақозо менамоянд, рушд меёбад. Идоракунии стратегии ин муҳит бештар ба навовариҳо такя менамояд, зеро амволи истеҳсолкардаи онҳо тез куҳна мешавад.

PEST-таҳлил PEST - таҳлил (PESTanalysis) марҳилаи муҳими таҳлили иқтисодӣ мебошад. PEST - ИН МАФҲУМИ ЧОР ҲАРФИ АНГЛИСӢ: P - policy (сиёсат), E - economy (иқтисодиёт), S - society (ҷамъият), T – technology (технология).
PEST - таҳлил василаи пешсафи таҳлили макромуҳити ташкилот буда, ба саволи «Кадом омилҳо ва чӣ гуна ба тиҷорати Шумо таъсир мерасонанд?» ҷавоб медиҳад. PEST - таҳлил дар муассисаҳои бузурги бизнес истифода мешавад, ки ба фаъолияти онҳо омилҳои муҳити берунаи дур таъсир мерасонанд.
Номгӯи намунавии омилҳои PEST-таҳлил дар ҷадвали 7.1 оварда шудаанд:

Ҷадвали 7.1. PEST-и омилҳои макромуҳит.

№Сиёсат - PИқтисодиёт - E
1Устувории ҳукуматӣТаснифоти умумии вазъияти иқтисодӣ (афзоиш, эътидолӣ, пастравӣ)
2Тағйироти қонунгузорӣҚурби асъори миллӣ ва ставкаи ғайримолиякунонӣ
3Таъсири давлатӣ ба соҳа, бо назардошти ҳиссаи моликияти давлатӣДараҷаи муфлисӣ
4Танзими давлатии рақобат дар соҳаДараҷаи бекорӣ
5Сиёсати андозНархи захираҳои энергетикӣ
№Сотсиум - SТехнология - Т
1Тағйироти демографӣСиёсати давлатии техникӣ
2Тағйироти сохтори даромадҳоТамоюлҳои муҳим дар самти навоварӣ
3Муносибат ба меҳнат ва истироҳатМаҳсулоти нав (суръати таҷдид ва азхудкунии технологияҳои нав)
4Зудҳаракатии иҷтимоии аҳолӣИҷозатномаҳои нав
5Фаъол будани истеъмолкунандагонДараҷаи истифодаи технологияҳои нав
пешина
аз 469
навбатӣ