Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 6. УСУЛ ВА ВОСИТАҲОИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ

Олмон ва қариб 2 сентро дар Хитой ташкил медиҳад. Фил Найт барои афзун гаштани сатҳи фурӯши байналмилалӣ ба 50% аз сатҳи умумии фурӯш кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Вобаста ба ин, танҳо як масъалаи ҳалталаб вуҷуд дорад. Баскетбол то ҳол варзиши музофотӣ, берун аз ҳудуди Амрико мебошад. Давидан низ шавқ аст, асосан барои - амрикоиҳо. Доир ба бейсбол ва футболи амрикоӣ ягон гап нест! Агар «Nike» бизнеси байналмилалии худро васеъ карданӣ бошад, пас бояд ба варзиши бартаридошта дар ҷаҳон - футбол нишонгирӣ намояд. Аммо дар аксар давлатҳо футбол шавқ ва ифтихори миллиро таҷАССУМ мекунад ва «Nike» - ширкати амрикоӣ буда, илова бар ин, амрикоиҳо дар футбол пурзӯр нестанд (тимҳои мардонаву занона чемпионҳои ҷаҳон нагардидаанд). Инчунин дар футбол таҳвилгарони асосии пойафзол ва либос, ба монандӣ «Adidas» ва «Umbro», ки оид ба сарпарастӣ бо тимҳо ва варзишгарони асосӣ шартномаҳо бастаанд, мавҷуданд.

Бо вуҷуди ин, Найт ва гурӯҳи ӯ аз ҳалли ин масъалаи мураккаб наметарсанд. Бори дигар шикаст хӯрда, «Nike» ба маъракаи тарғиботии ҷиддӣ бо мақсади огоҳ намудани дунёи футбол оид ба мавҷудияти чунин тамға оғоз намуд. Баҳори соли 1996 «Nike» оид ба мақсади худ дар силсилаи тарғиботии маҷаллаҳои футбол дар тамоми ҷаҳон эълон намуд. «Аврупо, Осиё ва Амрикои Лотинӣ - иброз дошт дар тарғибот

  • дар майдонҳои худ сангарҳо созед. Ғаниматҳои худро пинҳон намоед.
    Маблағҳои худро дар хушбӯйкунандаҳо гузоред. Чӣ тарзе ки Осиё ва Амрикои Лотинӣ хароб гашт, бо Аврупо низ он рӯй медиҳад... ҷаҳон огоҳ карда шуд». Маълум мешавад, ки ҷаҳон ба ин хурсанд нашуд.
    Ҷавоб дар суханҳо зоҳир мегашт: «Ин амрикоиҳо доир ба худашон дар чӣ ақидаанд, хушбӯйкунанда дар ин ҷо чӣ дахл дорад». Аммо «Nike»
    маъракаи худро танҳо акнун оғоз карда буд.

Баъдтар тарғиботи синамо пайдо шуд, бо тасвири иблис ва азозилҳои он, ки бар зидди тими «Nike» футболбозӣ доранд. Тарғиботе, ки ба он маблағи хуб сарф карда шуд, дар тамоми ҷаҳон нишон дода мешуд. Найт ин тарғиботро писандидаи худ мешуморид ва он ҳақиқатан дар Амрико хеле хуб кор мекард. Ширкатҳои синамои Аврупо, баръакс ҳангоми тамошои кӯдакон онро ниҳоят даҳшатнок ва ногувор меҳисобиданд.
Тарғибот инчунин таҳияи мактубҳои ба газабомадаи тамошобинонро ба вуҷуд овард. Пас аз ин тарғибот мақолаи тезу тунд бар зидди «Nike»
дар бюллетени идораи федерасияи футболи ФИФА баромад. Блаттер, президенти ҳозираи ФИФА, «тамоюли тарғиботие, ки ҷабр, зулм ва таҷовузро муаррифӣ мекунад ва чунин услуб ягон арзишро тарғиб карда наметавонад, хусусан таъсирпазирии тамошобини ҷавонро» маҳкум намуд.

пешина
аз 469
навбатӣ