Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Дар ҳақиқат, гуфтугӯзорҳои зиддиамерикой дар доираҳои асосии футбол пайдо гардид, ки равиши бомуваффақияти «Nike» дар Бразилия буд. Тими Бразилия панҷ маротиба қаҳрамони ҷаҳон гашт. Инчунин нишонаи зиндаи тамаддуни самбои Бразилия сарчашмаи ифтихори миллӣ мебошад. Хиҷолати бразилиягиҳоро тасаввур намоед, вақте ки амрикоиҳои сермағал рақскунон ба шаҳр бо тӯдаи пул ворид шуда, ҳуқуқи сарпарастии тими миллии Бразилияро ба муҳлати 10 соли оянда аз худ карда, сарпарасти мавҷуда «Umbro»-ро дур карданд.
Муомилае, ки ба 200 млн. доллари ИМА арзиш дошт, иштироки бразилиягиҳоро дар мусобиқаҳои ташкилкардаи «Nike», инчунин чорабиниҳои ширкат, ба ғайр аз уҳдадории бо либос ва пойафзоли аз «Nike» бо тамғаи ин ширкат баромад карданро пешбинӣ мекард.
Доираи бонуфузи футбол тарғиботи «Nike»-ро чашми дидан надоштанд, аммо менеҷерони ширкат мегӯянд, ки наврасон шефтаи он гашта буданд, ки футболбози фаронсавӣ Кантон, бо нидои «au revoir», голи ҳалкунандаро ба иблис мезанад.
САВОЛҲО:
- Кадом ҷузъҳои стратегияи маркетинг нисбатан батафсил дар кейси мазкур пешниҳод шудаанд? Онҳо бо чӣ алоқаманд мебошанд?
- Ба ақидаи Шумо, шадидияти тарғиботи «Nike» дар чист, фаҳмонед?
- Дар ояндаи наздик ширкат барои афзоиши ҳаҷми фурӯш дар бозорҳои хориҷӣ кадом иқдомро пеш гирифта метавонад?
6.7. ТЕСТҲО БАРОИ БОБИ II
@1. Ҷузъҳои асосии менеҷменти стратегии ташкилотро нишон диҳед:
$А. Нақшаи стратегӣ, сохтори ташкилии идоракунӣ ва маданияти ташкилӣ;
$В. Банакшагирӣ, сохтори ташкилии идоракунӣ, маданияти корпоративӣ;
$С. Стратегия ҳамчун маҷмӯи қарорҳои идоракунӣ, сохтори ташкилии идоракунӣ ва маданияти ташкилӣ;
$D. Нақшаи стратегӣ, бизнес-нақша ва сохтори ташкилии идоракунӣ.
@2. Принсипҳои менеҷменти стратегӣ:
$А. Илмият дар вобастагӣ бо ҷузъҳои маҳорат, яккасардорӣ, ягонагии нақшаҳои стратегӣ;
$В. Мақсаднокӣ, чандирӣ ва ягонагии нақшаҳои стратегӣ;
$С. Яккасардорӣ, ягонагии нақшаҳои стратегӣ, таҳияи шароити зарурӣ барои татбиқи стратегия;
$D. Мақсаднокӣ, чандирӣ ва яккасардорӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё