Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
- Одатан барои таҳлили ибтидоии фаъолияти муассиса кадом матритсаҳо истифода карда мешаванд?
- Барои истифодаи кадом усулҳои матритсавӣ таҳлили бозор ва соҳаҳо ба пуррагӣ асоснок карда мешаванд?
- Кадом матритсаҳо барои таҳлили тафриқавӣ ва таҳлили сифат дар гурӯҳҳои «Тафрика» ва «Таҳлили сифат» истифода мешаванд?
- Моҳияти консепсияи СТН-и Д.Нортон ва Р.Каплан дар чист?
- Бартарии технологии СТН аз чӣ иборат аст?
- Кадом матритса барои таҳияи алтернативаҳои стратегӣ истифода мешавад ва бо кадом сабаб?
6.6. КЕЙС-ВАЗЪИЯТ
СТРАТЕГИЯИ МАРКЕТИНГИИ «NIKE»
«Nike» доим намуди зоҳирии исёнгарро инъикос менамуд — James Dean бо пойафзоли варзишӣ. «Nike» дар соли 1972 аз ҷониби Фил Найт, ситораи варзиш дар гузашта ва Бил Бауэрман, мураббии ӯ ташкил карда шуд. Аз он лаҳза ширкат аз таҳвилгари оддии кроссовкаҳо барои варзишгарони касбӣ ба сарвари байналмилалӣ доир ба истеҳсоли пойафзол ва либосҳои варзишӣ бо сатҳи фурӯш ба 10 млрд. доллари ИМА, ки 40% он аз хориҷа ворид мегардиданд, мубаддал гашт. Се омили асосӣ муваффақияти ширкатро дастгирӣ менамоянд — сифат ва ақидаҳои нав дар маҳсулот, пешниҳоди хизматрасониҳо ба сарпарастони варзишгарони асосӣ, ҳамчун Майкл Чордан ва Тайга Вудз ва рекламаи байналмилалӣ, ки устуворию намуди зоҳирии ширкатро таъмин менамояд. Намуди зоҳирии «Nike» чун муборизи исёнгари ботамкин дар ҳама рекламаҳои ширкат ба назар мерасад. Рекламаҳои «Nike» харидорони худро бовар мекунонад, ки оқибатҳоро фаромӯш карда, ба таври одӣ инро иҷро намоянд! Албатта, аввал либоси «Nike»-ро пӯшида. Дар Амрико ақидаи исёнгарӣ хеле хуб ба кор рафт. «Nike» ширкати пешрав дар бозор буда, 20% пойафзолу либосҳоро барои ҳар як мард, зан ва кӯдак ба фурӯш пешниҳод намуд. Ширкат чунон пешрафта гашта буд, ки рушди минбаъдаи он дар бозори Амрико душвор буд. Фил Найт, директори генералии «Nike», мақсади афзоиши даромаднокии солонаро ба 15% ва ҷалби диққати ширкатро ба бозорҳои байналмилалӣ, ки имконияти инкишофёбӣ дар онҳо нисбатан мусоид мебошанд, пеш гузошт. Дар муқоиса бо қаноатмандии бозорҳои ИМА фурӯши солонаи «Nike» 4 доллари ИМА ба як нафар дар Ҷопон, 3 доллари ИМА дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё