Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 6. УСУЛ ВА ВОСИТАҲОИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГИКӢ
-
СТН - ин низоми тағйироти самараноки фаъолияти тамоми ташкилот буда, ба пешбурд ва стратегияе, ки ҷиҳатҳои муҳими бизнесро инъикос менамояд, асос меёбад. Дар харитаи стратегӣ ва СТН ҳатман масъулияти зернизом ва ҳайати корӣ барои ба мақсад ноил шудан ва нишондиҳандаҳои омилҳои қатъии муваффақият ҳангоми татбиқи стратегия муайян карда мешаванд. СТН дар асоси хулосаҳои тадқиқоте, ки дар аввалҳои солҳои 1990-ум аз тарафи профессори мактаби тиҷорат Гарвард Роберт Каплан ва президенти ширкати консалтингии Renaissance Solutions Дэвид Нортон гузаронида шуд, таҳия шудааст.
-
Технологияи харитаҳои стратегӣ барои дар ҳама марҳилаҳои занҷира таҳия намудани арзишҳо, бо дарназардошти вайрон накардани мантиқи ноил гаржидан ба мақсадҳои стратегии тиҷорат барои самаранок ба роҳ мондани корҳо имконият медиҳад. СТН як қатор бартариҳо дорад. Барои роҳбарият вазъият ва ҳолати пурраи бизнесро нишон медиҳад, ба амал омадани ҳолатҳои фақулоддаро муайян менамояд, алоқамандиҳои мутақобиларо дар ҳама сатҳҳо сабук мегардонад, алоқаи мутақобила ва омӯзиширо таъмин менамояд, маълумотҳои зиёдро ба иттилооте, ки дастрасшаванда мебошанд, табдил медиҳад;
-
Бо мақсади таҳияи алтернативаҳои стратегӣ матритсаи И. Ансофф истифода мешавад, ки барои тасвири эҳтимолии стратегияҳои ташкилот дар шароити рушди бозор пешбинӣ шудааст. Барои таҳлили макромуҳити ташкилот PEST-таҳлил истифода мегардад, ки барои баҳодиҳии муҳити берунаи иқтисодии ташкилот ва омӯзиши бозор имконият медиҳад. Баҳодиҳии ҷолибияти бозор тавассути модели «Панҷ қувваи Портер» амалӣ карда мешавад, матритсаи Д. Абел бошад, барои муайян намудани самтҳои тиҷорат дар се ченак: хизматрасонии гурӯҳи харидорон, талаботи гурӯҳи харидорон ва технологияҳое, ки дар мавриди коркард ва истеҳсоли маҳсулот истифода мешаванд, равона гардидааст.
6.5. САВОЛҲОИ САНҶИШӢ
-
Кадом сатҳҳои банақшагирии стратегиро ҳангоми тағйироти матритсавӣ ҷудо кардан мумкин аст?
-
Матритсаҳои менеҷменти стратегӣ дар сатҳи функционалӣ чиро ифода мекунанд?
-
Матритсаҳои банақшагирии стратегӣ бо кадом хусусиятҳо ва меъёрҳо тасниф карда мешаванд?
-
Давраҳои татбиқи воситаҳои матритсавиро дар раванди банақшагирии стратегӣ номбар намоед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё