Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Меъёри якуму муҳимтарини баҳодиҳӣ доир ба матритсаи АБСЛ мутаносибии соҳаи мавҷуда ба самти умумии фаъолияти ширкат, бо истифодаи самараноки технология ва маркетинг мебошад. Меъёри дигар, ҷолибии соҳа ва «қувва»-и бизнес (қобилияти рақобатӣ) ба шумор меравад.
GAP-таҳлил дар мавриди таҳияи стратегия дар асоси консепсияи баррасии масъалаҳои стратегӣ истифода мешавад. Зери мафҳуми GAP-таҳлил маҷмӯи чорабиниҳое фаҳмида мешаванд, ки дар заминаи онҳо барои номувофиқатии муҳити беруна хулосабарорӣ карда мешавад ва мақсади асосӣ аз он иборат аст, ки барои ширкат шароитҳои афзалиятноки бозорро таъмин намояд. Моҳияти ин модел дар муайян намудани стратегия ва равандҳоест, ки ширкат барои ноил шудан ба афзалиятҳо дар хизматрасонии истеъмолкунандагон истифода мекунад, иборат аст. Консепсияи дар маъно сода, вале дар истифодаи амалӣ мураккаб мегардад.
Ҳамин тавр, коркарди стратегияи ташкилот аз таҳлили ҳолатҳои дохилӣ ва беруна оғоз гашта, ин гуна таҳлил ҳамеша мураккаб ва гуногун мешавад.
6.4. ХУЛОСАҲОИ МУХТАСАР
-
Усулҳои матритсавӣ дар банақшагирии стратегӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунанд. Усули матритсавӣ қулай буда, дорои хусусияти тақсимшавӣ мебошад. Барои таҳлили сандуқ матритсаҳои нисбатан маъмул инҳоянд: матритсаи ГМБ (BCG) – таҳлили суръати афзоиш ва ҳиссаи бозор; матритсаи МКК (МСС) – таҳлили мутаносибии бизнес ба миссияи ташкилот ва сарчашмаи иқтидори он; - матритсаи GE/McKinsey - таҳлили ҷолибии муқоисавии бозор ва қобилияти рақобатии бизнес; матритсаи Shell - таҳлили ҷолибии соҳаҳои захираталаб вобаста аз қобилияти рақобатнокӣ; матритсаи Ансофф - таҳлили стратегия оид ба муносибат ба бозорҳо ва маҳсулот; матритсаи ADL - таҳлили давраи ҳаётии соҳа ва ҳолати нисбӣ дар бозор;
-
Истифодаи воситаҳои матритсавӣ дар раванди банақшагирии стратегӣ татбиқи мунтазами давраҳои зеринро ба назар мегирад: таҳлили ибтидоӣ (одатан дар матритса: SWOT, МСС ва бузургии иқтисодии рушди ташкилот); таҳлили бозор ва соҳа (дар зергурӯҳи «Бозор» матритсаҳои BCG ва GE ва гуногунии онҳо, зергурӯҳи «Соҳа» матритсаи Shell/DPM истифода мешавад); таҳлили тафриқавӣ ва таҳлили сифат (дар гурӯҳи «Тафриқа» се матритсаро дар бар мегирад: «Беҳтаркунии мавқеи рақобатнокӣ», «Тафриқа – самаранокии нисбии хароҷот» ва «Истеҳсолот – навовариҳо\тафриқаҳо»; гурӯҳи «Таҳлили сифат» дорои ду матритса аст: «Стратегияи муқаррар намудани нархҳо» ва «Сифат – захираталабӣ»);

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё