Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 6. УСУЛ ВА ВОСИТАҲОИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГИ
мешавад. Одатан SNW-таҳлил барои омӯзиши муҳити дохилии ташкилот пас аз гузаронидани SWOT-таҳлил истифода мешавад.
Усули SWOT барои таҳлили муҳит истифода карда мешавад. Дар он омилҳои муҳити беруна ва дохилӣ ба чор сатҳ ҷудо карда мешаванд:
- пурқувватӣ (strength);
- заифӣ (weakness);
- имкониятҳо (opportunities);
- таҳдидҳо (threats).
Бо истифодаи усули SWOT, хати алоқа байни пурқувватӣ ва заифӣ, инчунин таҳдиду имкониятҳои беруна, ки ба ташкилот мансубанд, муқаррар карда мешаванд. Услуби SWOT аввалан муайян намудани тарафҳои пурқувват ва заиф, инчунин таҳдиду имкониятҳоро дар бар гирифта, пас аз он муқаррар кардани занҷири алоқаро байни онҳо, ки дар оянда барои ташкили стратегияи ташкилот истифода мешаванд, пешбинӣ менамояд.
Матритсаи АДЛ (ADL) коркарди ширкати консалтингии А. Д. Литтл мебошад. Бо тафовут аз матритсаи ГМБ, модели номбурда бо ду тағйирёбанда сохта мешавад, ки камолоти шӯъба (давраи ҳаётии соҳа) ва мавқеи муносибат бо рақибонро инъикос менамояд. Давраҳои ҳаётии инҳоянд:
- тавлид;
- афзоиши босуръат;
- афзоиши суст;
- камолот;
- пастшавӣ.
Мавқеи асосии назарияи модели А.Д.Литтл дар он аст, ки шакли алоҳидаи бизнеси корпоратсияи дилхоҳ дар яке аз давраҳои ҳаётии дар боло номбаршуда мавҷуд буда метавонад, бинобар ин таҳлилро дар мутаносибӣ ба ин давра гузаронидан зарур аст. Дар ин ҳолат шакли бизнес дар яке аз панҷ мавқеи рақобатӣ мавҷуд буда метавонад:
- Бартаридошта; 2. пурзӯр; 3. мусоид; 4. мустаҳкам; 5. заиф.
Пайвастшавии ду мушаххасот - чор давраи ҳаётии истеҳсолот ва панҷ мавқеи рақобатӣ - матритсаи АДЛ\С-ро ки дорои 20 ячейка мебошад, ташкил медиҳад.
Матритсаи Д.Абел ба таври воқеӣ камбудиҳои модели пешниҳодкардаи И.Ансоффро ислоҳ мекунад. Д.Абел муайян намудани соҳаи бизнесро бо се нишондиҳанда пешниҳод менамояд:
- хизматрасонӣ ба гурӯҳи харидорон;
- талаботи истеъмолкунандагон;
- истифодаи технологияҳо ҳангоми коркард ва истеҳсоли маҳсулот.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё