Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

афзоиш дар бозорҳои мавҷуда тағйироти вазъи бозор дар вақти баромадани ширкат аз бозори мавҷуда, имкониятҳои муфид ва манфиати пуриқтидори забти бозори нав истифода мешавад.

PEST-таҳлил (баъзан STEP ишора мешавад) — ин воситаи маркетинг буда, барои муайян намудани ҷиҳатҳои сиёсӣ (Political), иқтисодӣ (Economic), иҷтимоӣ (Social) ва технологӣ (Technological)-и муҳити беруна (истеъмолкунандагон, рақибон, таҳвилгарон, ҳолатҳои сиёсию иқтисодӣ ва тамоюлҳои он, тамоюлҳо дар маҳсулот), ки ба фаъолияти ширкат таъсир мерасонанд, истифода мешавад.

Барои иҷро намудани PEST-таҳлил ҳар як ширкати рақобатӣ бояд номгӯи омилҳои асосии муҳити берунаро дошта бошад, ки онҳо ба бизнес таъсири ошкор расонида, таҳдидҳои воқеӣ ва ё имкониятҳои навро барои рушди ташкилот доранд.

Натиҷаҳои PEST-таҳлил барои баҳодиҳии ҳолати иқтисодии беруна, ки дар соҳаи истеҳсолот ва фаъолияти тиҷоратӣ мавҷуданд, имконият медиҳад ва барои омӯзиши бозоре, ки ширкат дар он фаъолият менамояд ва ё дар оянда фаъолият кардан мехоҳад, шароит муҳайё менамояд.

Модели «Панҷ қувваи рақобатӣ»-и М.Портер нисбатан маъмул буда, ба таври васеъ ҳамчун модели баҳодиҳии ҷолибии соҳа истифода шуда, чунин сохтор дорад:

  1. таҳдидҳои пайдошавии маҳсулот-ивазкунандаҳо;
  2. таҳдидҳои пайдошавии бозингарони нав;
  3. иқтидори бозории таҳвилгарон;
  4. иқтидори бозории истеъмолкунандагон;
  5. сатҳи муборизаи рақобатнок.

Модел барои мақсаднок баҳо додани ҳолати рақобат дар бозор ва дар ин замина таҳия намудани стратегияи дарозмуддат, ки ширкатро аз ҳар гуна таъсиррасониҳои қувваҳои рақобаткунанда муҳофизат менамояд, имконият дода, ҳамзамон барои ташкили бартариҳои рақобатноки иловагӣ мусоидат менамояд.

SWOT-таҳлил таҳлили ҷонибҳои пуркувват ва заифи ташкилотро пешниҳод менамояд. Муҳити дохилӣ бо се бузургӣ баҳо дода мешавад:
• Strength (ҷониби пуркувват);
• Neutral (ҷониби бетараф);
• Weakness (ҷониби заиф).

Чӣ тавре ки таҷриба нишон медиҳад, дар ҳолати таҳлили стратегияи муҳити берунаи ташкилот ҳолати миёнамуҳлатро қайд намудан лозим аст, ки ба ҳолати мушаххас вобастагӣ дорад.

Барои таҳлили бомуваффақияти муҳити атрофи ташкилот маълум кардани таҳдид ва имкониятҳо зарур буда, баҳодиҳӣ аз нуқтаи назари имкониятҳо ва дараҷаи таъсирот ба стратегияи ташкилот амалӣ карда

пешина
аз 469
навбатӣ