Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
РУШДИ БОСУРЪАТИ ҲАҶМИ ФУРӮШ метавонад бо қарори дар бозорҳои амалкунанда ё дар бозорҳои нав фурӯхтани маҳсулоти мавҷуда ва маҳсулоти нав муайян гардад.
Матритсаи И.Ансофф барои инъикоси стратегияҳои имконпазири ташкилот дар шароити васеъшавии бозор пешбинӣ шудааст.
Матритсаи Ансофф майдонеро тасвир мекунад, ки ду тир дорад: тири уфуқӣ – «молҳои ширкат» (ба молҳои мавҷуда ва нав тақсим мешаванд) ва тири амудӣ - «бозорҳои ширкат», ки ҳамчунин ба молҳои мавҷуда ва нав тақсим мешаванд. Дар буриши ин ду тир росткунҷа ба вуҷуд меояд:
Моли мавҷуда Моли нав
Бозори мавҷуда Дохилшавӣ ба бозор Рушди мол
Бозори нав Рушди бозор Диверсификатсия
Расми 6.5. Матрисаи Ансофф
Стратегияи матритсаи Ансофф
• Стратегияи дохилшавӣ ба бозор - (моли мавҷуда - бозори мавҷуда).
Барои аксар ширкатҳо ин стратегия муқаррарӣ буда, барои дар бозори муносиб зиёд намудани ҳиссаи молҳои мавҷуда кӯшиш менамояд. Васеъшавии воридшавӣ ба бозор ин стратегияи нисбатан возеҳ буда, кӯшиши зиёдшавии фурӯш инъикоси амалии он аст. Баландшавии сифати молҳо, баландшавии самаранокии бизнес-равандҳо, аз ҳисоби реклама ҷалб намудани мизоҷҳо воситаҳои асосӣ буда метавонанд. Сарчашмаи афзоиши фурӯш инчунин зиёдшавии истифодаи такрории мол (масалан, аз ҳисоби барномаҳои ба қонун мувофиқ), зиёдшавии миқдори истифодаи мол ба ҳисоб мераванд.
• Стратегияи рушди бозор - (моли мавҷуда - бозори нав).
Стратегияи мазкур мутобиқат ва барориши молҳои мавҷударо нисбат ба бозорҳои нав мефаҳмонад. Барои татбиқи бомуваффақияти стратегия зарурати дар бозори нав мавҷуд будани истеъмолкунандагони воқеиро тасдиқ мекунад. Ба он усулҳои зерин: ҷуғрофӣ, истифодаи роҳҳои нави тақсимнамоӣ, ҷустуҷӯи гурӯҳҳои нави истеъмолкунандагоне, ки ҳоло харидори мол нестанд, дохиланд.
• Стратегияи рушди мол (моли нав — бозори мавҷуда).
Ба бозори мавҷуда пешниҳод намудани молҳои нав стратегияи рушди мол аст. Дар доираи ин стратегия баровардани молу маҳсулоти нав ба бозор, такмилдиҳии молҳои куҳна, васеъкунии хати молҳо (гуногунӣ) имконпазир аст. Чунин стратегия барои ширкатҳои технологияҳои олидошта (электроника, мошинсозӣ) мансуб аст.
• Стратегияи диверсификатсия (маҳсулоти нав - бозори нав).
Умуман, баровардани моли шаклан нав ба бозори барои ширкат нав - стратегияи хароҷотнок ва хатарнок аст. Ҳангоми имкониятҳои мукаммали

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё