Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

комиссияҳои мӯътабари салоҳиятдор ба чӣ хулосае меоянд. Дар сар то сари ҳавопаймобар тартиботи қатъӣ ҷорӣ карда шуд. Касе ва аз ҷумла ягон ходими қитъаи авиасия, ҳад надошт, ки ҷои хизмати худро тарк намояд. Касе, ба ҳеҷ баҳонае ҳақ надошт, ки аз киштӣ дур биравад ва ягон киштии дигар низ наметавонист ба «Конвенция» ба масофаи камтар аз панҷоҳ километр наздик бишавад. Ҳавопаймоҳое ки аз фазои ин минтақа мегузаштанд, роҳи худро дигар мекарданд то ба қароргоҳи «Конвенция» аз сесад километр наздиктар нарасанд.

Инак, маҷлиси якҷояи тарафайн қатъ гардид ва ҳар як комиссия бо сарварии шарикроҳбари аз тарафи худ таъиншудаи барномаи «Демиург» ахбори паритет-кайҳоннавардони 1-2 ва 2-1-ро ки аз сайёраи барои илм ҳанӯз номаълуми Пайкараи Чангалистон фиристода буданд, муҳокима менамуд.

Аз масофаи бузурге, аз масофаи нуҷумии ғайри қобили тасаввур чунин пайгоме расида буд:
«Диққат! Диққат!
Гуфтори байналафлокии моро заминиён гӯш кунанд!
Гӯш кунед!
Шарҳи он чизе ки номи заминӣ надорад, бағоят мушкил аст. Лекин баъзе ҷиҳатҳои умумӣ вуҷуд доранд.

Сокинони ин ҷо ба инсон шабоҳат доранд, ба мисли мо инсонанд! Салламно ба такомул ва таҳавволоти ҷаҳонӣ! Дар ин ҷо такомулот мувофиқи суннати универсалӣ модели хоминидро 1 ба арсаи вуҷуд овардааст! Навъи олиҷаноби хоминидҳои ғайризаминӣ! Дӯсти пайкарашон гандумгун, мӯи сарашон осмониранг, чашмонашон сабз ё бунафши равшан. Мижгони дароз-дарози сафедтоб доранд.

Онҳо скафандрҳои мутлақо шаффофе дар бар доранд. Ба истгоҳи мадории мо ҷафс шуда, аз киштии худ ба сӯи мо табассум карданд ва моро ба манзилашон даъват намуданд.

Ва мо аз доираи як тамаддун ба остонаи тамаддуни дигар по ниҳодем.

Аппарати винтдори парвозиашон аз киштиимон дур
шуд ва мо бо суръати равшанӣ, ки дар дохили киштӣ тақрибан эҳсос намешуд, ҷараёни вақтро паси сар
гузошта, ба оғӯши Коинот равона шудем. Аввалин чизе

1 Намунаи навъи башар.

пешина
аз 293
навбатӣ