Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
Ҳар чӣ росттар бошад ва фақат ба хотири ронандаҳои трактор баъзе ҷойҳои ноҳамворро давр зада мегузашт.
Сафари ҷанозабарон мӯътадил давом мекард. На чандон бошитоб мерафтанду на он қадар суст, бо вуҷуди он сеяки роҳ тай шуд... Қаранори Бӯрони ба имо-ву ишораҳои соҳибаш ҳушёрона итоат карда, бо ҳав- сала қадам мезад. Аз паси вай тақарросу гумбуросза- нон трактори аробачадор ва аз дунболи он «Беларусь»-и чорчарха меомаданд.
Аммо онҳоро воқеаҳои ғайричашмдоште дар пеш буданд. Ва ҳарчанд ин ҳол аз ақл дур намояд ҳам, он воқеаҳо зотан бо рӯйдодҳои космодроми Сари Озек робита доштанд...
Ҳавопаймобари «Конвенция» он соат дар ҷои худ буд. Дар худи ҳамон нуқтаи Уқёнуси Ором, дар самти ҷа- нубии ҷазираҳои Алеут, бо роҳи ҳавоӣ дар масофаи ба- робар аз Владивосток ва Сан-Франциско.
Ҳавои уқёнус ҳамчунон ором буд ва дар нимаи ав- вали рӯз офтоб бар сари мавҷзори беканори об нураф- шонӣ менамуд. Аз уфуқ то уфуқ аломате ба чашм на- мерасид, ки аз тағйири ҳаво дарак бидиҳад.
Дар саҳни ҳавопаймобар низ ҳамаи қитъаҳо ва гу- рӯҳҳо, аз ҷумла қитъаи авиация ва гурӯҳи таъмини ам- нияти дохилӣ, дар ҳолати омодагӣ буданд, гарчи дар муҳити атроф барои чунин вазъият ягон сабаби муай- ян ба чашм намерасид. Сабаб дар дигар ҷой буд — бе- рун аз ҳудуди коинот.
Иттилооте, ки аз паритет-кайҳоннавардон аз сайё- раи Пайкараи Ҷангалистон ба воситаи мадори «Трамп- лин» ба киштии «Конвенция» расид, роҳбарони Марму- тидор ва аъзои комиссияҳои фавқулоддаро маҳвӯ мот намуд. Ошуфтагии онон ба андозаи зӯр буд, ки тара- файн аввал қарор доданд ҳар кадоме ҷудогона ба маш- варат бинишинанд, то вазъи ба миён омадаро мувофи- қи манфиат ва мавқеи худ баррасӣ кунанд ва фақат пас аз он ба муҳокимаи умум бипардозанд.
Аз кашфи беамсол дар таърихи инсоният — аз мав- ҷудияти тамаддуни берун аз Замин дар сайёраи Пай- караи Ҷангалистон олам ҳанӯз хабаре надошт. Ҳатто ҳукуматҳои тарафайн дар хусуси худи воқеа ба таври махфӣ огоҳ карда шуда бошанд ҳам, аз идораи он ха- нӯз ҳеҷ гуна маълумоте надоштанд. Интизор буданд, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё