Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Банӣ-одам аз азал ба ҳамин тариқа умр ба сар мебарад: дар ҳайрат аст, дар ниҳод розӣ нест, аммо ба тақдир тан додааст. Ва ин дую ниёишҳо низ аз ҳамон давраҳои қадим тағйирнопазир мондаанд ва мақсад аз онон ҳамон аст, ки буд: фарзанди инсон таскин ёбад, беҳуда гилаву шиква накунад. Аммо оятҳои ниёиш, ки дар бадали садсолаҳо чун тангаҳои тиллоӣ сайкал ёфтаанд, маҳз ҳамон вопасин калимаҳоеанд, ки одами зинда бояд дар сари тобути мурда бихонад. Расму оин чунин аст.

Қатъи назар аз ин ки дар олам худо ҳаст ё нест, боз фикр мекард Едигей, инсон худоро одатан ҳангоми зарурат ба ёд меорад, ва ин хуб нест. Аз ҳамин сабаб дар урфият мегӯянд, ки одам ба худо имон надошта бошад, то сараш дард накунад, ӯро ба хотир намеорад. Хоҳ ҳақ бошад ин гап, хоҳ не, ба ҳар ҳол дуоҳоро донистан шарт.

Едигеи Бӯронӣ ба ҳамсафарони ҷавонаш назар афканда, худ ба худ ғам мехӯрд, ки ягонтаи онҳо дуоеро намедонад. Вақту соаташ биояд, чӣ тавр якдигарро ба хок месупоранд? Аз ин дунё ба олами нестӣ рафтани инсонро бо кадомин суханон хотирнишин хоҳанд кард? «Алвидоъ, рафиқи азиз, фаромӯшат намекунем»? Ё ягон гапи дигари беарзише?

Боре ӯ дар маркази вилоят дар маросими дафни шахсе ҳузур дошт. Едигеи Бӯронӣ аз ҳайрат чӣ кор карданашро намедонист: дар қабристон гӯё маҷлисе барпо шуд; дар сари тобут нотиқон аз рӯи қоғаз нутқ мекарданд ва ҳама ба як мазмун гап мезаданд — марҳум чӣ кореро адо менамуд, дар кадом вазифаҳо кор мекард, чӣ тавр кор мекард, ба кӣ хизмат мекарду чӣ гуна хизмат мекард. Гуфтанд, гуфтанду мусиқӣ навохтанд ва ба сари қабраш гулу гулчанбари бисёре партофтанд. Ва касе ҳавсала карда, дар бораи марг ва аҷал чизе нагуфт, гӯё то ҳол шахсе аз дунё чашм напӯшида бошад, гӯё баъди он ҳам касе аз ин олам намерафта бошад. Ва ҳол он ки дар ниёиш ва ибодати мардумон фаҳмишу идроки онон оид ба силсилаи маргу ҳаёт акс ёфтааст... Он бадбахти дафн кардаашон шахси ҷовидон будааст! Ҳа, бад хилофи ҳақиқати аён рӯирост ҳамин тавр гуфтанд: «Ӯ ҷовидон хоҳад монд!».

Едигей даштро хуб медонист. Ба замми ин аз болои Қаранори Бӯронӣ роҳи пеш гирифтааш то хеле масофа нағз намудор буд. Кӯшиш мекард, ки роҳи Она-Байт

пешина
аз 293
навбатӣ