Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ки мо пай бурдем ва он ногаҳон боиси осудагии мо гардид, — ин вуҷуд надоштани ҳолати бевазнӣ буд. Мо ҳоло гуфта наметавонем, ки бо чӣ тадбире ба ин муваффақ шуда бошанд. Онҳо ҷумлаи аввалинашонро бо омехтаи калимаҳои русӣ ва англисӣ гуфтанд: «Вел ком наш Звезда!» 1. Ва мо пай бурдем, ки ба андозаи диққат кунем, мубодилаи афкор карда метавонем. Махлуқони кабӯдмӯйи панҷ нафар ва ҳама баландболо (қадашон тақрибан ду метр) буданд. Чаҳор марду як зан. Тафовути зан дар қадаш не, балки дар он буд, ки пайкари нафиси занона дошт ва ранги рӯяш сафедтар буд. Ҳамаи мардони кабӯдмӯйи ҷангалистонӣ ба мисли арабҳои шумолии мо гандумранганд. Аз дақиқаҳои нахустин дар дили мо нисбат ба онон як навъ ҳисси итминон пайдо шуд.

Се нафари онҳо аппарати парвозиро идора мекарданд, зан ва боз як мард донишмандони забонҳои заминӣ будаанд. Маҳз онҳо аз амвоҷи кайҳон аввалин бор калимаҳои англисӣ ва русиро ба воситаи радио дошта гирифта, омӯхтаанд ва ба тартиби муайян дароварда, як луғати заминӣ сохтаанд. То лаҳзаи мулоқоти мо онҳо зиёда аз дуним ҳазор калима ва истилоҳотро маънидод кардаанд. Иртиботи мо бо мадади ана ҳамин захираи луғавӣ сурат гирифт. Худашон байни ҳамдигар ба забоне гуфтугӯ мекунанд, ки барои мо тамом нофаҳмост, вале оҳангаш ба забони испанӣ наздик аст.

Пас аз ёздаҳ соати парвоз аз «Паритет» мо аз ҳудуди Системаи Офтоб берун баромадем.

Гузариш аз системаи ситораҳои мо ба системаи дигар ягон хусусияти хосе надошт ва номаълум анҷом пазируфт. Моддаи Коинот дар ҳама ҷой як навъ аст. Вале дар самте ки мо мерафтем, тадриҷан шафаке падидор мегашт ва торафт равшантар мегардид, аз афти кор, мавқеъ ва вазъи ҷисмҳои он системаи ба мо ношинос дар он лаҳза чунин буд. Он шафақ торафт бузургтар мегардид ва то бо масофатҳои дурудур доман паҳн карда, ба як фазои бекарони нурбор мубаддал мешуд. Дар роҳ мо аз паҳлӯи чанд сайёра гузаштем, ки дар он соат як тарафашон торик буду тарафи муқобилашон — мунаввар. То он ҷое ки чашм мерасид, бисёр хуршеду қамарҳоро дидан мумкин буд.

Мо гӯё аз домани шаб ба канори рӯз мерафтем. Ва

1 Хуш омадед Ситораи мо!

пешина
аз 293
навбатӣ