Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

машғул бошанд, маросими ёдбудро аз соати шаши бегоҳ сар кардан лозим меояд. Ана ҳамин хел нақшаҳо кашида буданд дар дилашон. Ва ҳама омодаи сафар буданд. Едигей Бӯрони Қаранори ҳанӯз динашаб зинзада ва оро додаашро аз инон дошта меистоду ҳамсояҳояшро шитоб мекунонид. Ин мардум ҳамеша бо майдакориҳошон вақт мехӯранд. Худи Едигей ҳамаи шаб мижа тар накарда бошад ҳам, аз ҳама пеш ба сафар омода шуд ва ҳоло хушу ёдаш ба як нуқта гирдуғун шуда буд. Фақат андаке коста менамуд. Риши тоза тарошида, мӯйлаб ва абрӯи мошубиринҷаш ба худаш мезебид. Вай сарулибоси беҳтарини худро дар бар карда буд: шолвори ба танаш саҳле калони пилтабахмал, мӯзаи хром, аз болои куртаи сафед пиҷаки сиёҳ ва фуражкаи идпӯшаки роҳиоҳанчиён... Ордену медаллҳои ҷангимаш, ҳатто нишонҳои зарбдори панҷсолаҳо дар сари синааш ҷило медоданд. Ҳамаи ин ба худаш мезебид ва андоми ӯро салобате меафзуд. Аслан дар маросими дафни Қазонқоп Едигей Бӯрони мебоист ҳамин хел мебуд.

Ба гусели онон аз хурд то калон ҳамаи бӯрониён ҷамъ омада буданд. Дар назди аробачаи трактор рост-рост истода интизорӣ мекашиданд. Занҳо бефосила мегиристанд. Ва худ аз худ ҳамин тавр шуд, ки Едигей Бӯрони ба ҷамъомадагон муроҷиат намуда, чанд сухан гуфт:

— Мо ба Она-Байт равонаем. Қадимтарин ва мӯътабартарин қабристон аст вай дар Сари Озек. Худо-раҳматии Қазонқоп ба ин меарзад. Худаш ҳам васият карда буд, ки дар ҳамон ҷо ба хок монем.— Едигей лаҳзае ба хаёл рафт, ки боз чӣ бигӯяд. Ва пас ба суханаш давом дод:— Хулоса, ки нону насибаш ҳамин қадар будааст. Дар дуроҳои мо ин одам расо чилу чор сол хизмат кард. Яъне ҳамаи умраш гӯем ҳам мешавад. Соле ки ӯ дар ин ҷо ба кор сар карда буд, ҳатто чоҳи об набуд. Ҳар ҳафта як маротиба цистерна-катӣ об мекашониданд. Мошинҳои барфтозакунак ё дигар хел мошинҳо ҳам набуданд. Ҳатто ҳамин хел як трактор ҳам набуд, ки ҳоло ҷасадашро бор карда ба оромгоҳи охиринаш мебарем. Лекин қаторҳо доимо дар ҳаракат буданд, роҳашон ҳамеша тоза буд, кушода буд. Қазонқоп умрашро дар Бӯронӣ ҳалол гузаронид. Инсони хуб буд. Ин ба ҳамаатон маълум. Акнун мо ба роҳ мебароем. Ба он ҷо рафтани ҳама шарт нест, бар болои ин ҳақ

пешина
аз 293
навбатӣ