Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
карду бас. Ба бахти вай Қаранор таваллуд ёфту ба дасти ӯ афтод.
Вақте расид, ки феълу атвори Қаранор муаммое шуд ва ӯро ҳал кардан лозим меомад; вай ҷангара шуд, арбада мебардошт, одамро ба худ наздик омадан намемонд, гурехта мерафту чандин шабонарӯз дар куҷоҳое ғайб мезад. Инак, ӯро ё ахта кардан лозим буд ё пояшро банду кишан задан. Вақте ки Едигей аз Қазонқоп маслиҳат пурсид, вай рӯйрост гуфт:
— Ин кори ту. Осуда зиндагонӣ мекунам гӯй, ахта кун. Уштури овозадор мехоҳам гӯй — даст нарасон. Лекин дар он сурат ҳамаи ҷавобгарӣ ҳам дар гардани худат. Сабру тоқат карда тавонӣ, бардошт кун, ду-се сол балвою исён мекунаду баъд ором шуда, аз дунболат рафтан мегирад.
Едигей Қаранори Бӯрониро ба холаш монд. Ба ахта кардан дилаш нашуд, дасташ нарафт. Қаранор атан монд. Лекин лаҳзаҳое буданд, ки соҳибаш хун мегирист.
V
Қаторҳо дар ин ноҳия аз шарқ ба ғарб мегузаштанду аз ғарб ба шарқ...
Аз ду самти роҳ дар ин ноҳия Сари Озек, ба қавли мардуми таҳҷоӣ, Мардумаки зарди биёбон, яъне Миёнадаштҳои малларанги нопайдоканор тӯл мекашиданд.
Дар ин ноҳия ҳама гуна масофаҳоро дар қиёси дур ё наздик будани роҳи оҳан чен мекарданд, чунон ки дар дигар ҷоҳо дар қиёси хати Гринвич чен мекунанд...
Оре, қаторҳо аз шарқ ба ғарб мерафтанду аз ғарб ба шарқ...
Саҳарӣ ҳама омодаи роҳ буданд. Ба фарши аробачаи ба трактор басташуда аррамайдаю параха рехта ва аз болои он як қабат хаси тоза густурда, ба рӯяш ҷасади Қазонқопро хобонданд, ки ба намаде зич печонида, аз болояш бо тасмаҳои пашмин баста буданд.
Ҳар чӣ зудтар ба роҳ баромадан лозим, то ки бегоҳӣ аз соати панҷ-шаш дер намонда, аз қабристон баргарданд. Сӣ километр ба он тараф ва ҳамин қадар дар бозгашт роҳ паймоянд, боз муддате бо дафни шодравон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё