Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
Меҳмонон бегоҳирӯзӣ пароканда шуданд. Едигей аз хурсандии ва ифтихор дар куртааш базӯр мегунчид. Аз ин сабаб чандон андеша накарда, як чизро ба забон овард. Хайр, охир, ҳамроҳи меҳмонон шароб ҳам ошомида буд-дия. Хуллас, тир аз камон ҷаст-ҷаст.
— Ҳой Казаке, — гуфт ӯ ба Қазонқоп, — росташа бигӯ, аз тӯҳфа карданат Каранора пушаймон нашудай?
Қазонқоп бо лабханде ба ӯ назар афканд. Зоҳиран, умед надошт, ки аз даҳони Едигей чунин гап мебарояд. Ҳомӯшу сокит нишаст-нишасту баъд ҷавоб дод:
— Фарзанди инсон бе камбудӣ намешавад, албатта. Лекин як ҳикмат ҳаст, ки аз аҷдодонами мондааст: мал иеси қудайдан 1. Ин кори худованд аст. Тақдиру насиба. Тақдир ҳамин хел шудааст, ки Каранор насиби ту шуд ва ту соҳиби он. Рафту, дар омади гап гӯям, ба дасти каси дигар меафтод, маълум нест, ки холаш чӣ мешуд, эҳтимол, зинда намемонд, ҳаром мемурд ё ягон фалокати дигар ба сараш мерасид. Масалан, ба чар меафтод. Вай аслан насиби ту шудааст. Ман пештар ҳам уштурҳо доштам, уштурҳои бад набуданд. Аз насли ҳамон модауштур — аз Сафедсар, ки модари Каранор аст. Аммо уштуракӣ ту фақат якта буду ин хел хушчинс баромад... Илоҳӣ боз сад соли дигар зинда бошаду ба ту хизмат кунад. Лекин вай гумони ту бехуда...
— Узр, узр, Казаке, бубахш маро, — ҳиҷолатмандона гуфт Едигей, ки аз сухани беҷояш пушаймон буд.
Ва дар идомаи сӯҳбат Қазонқоп як мушоҳидаи худро арз намуд. Ривоят мекунанд, ки модари зарринёли Оқмоя ҳафт бача зоидааст — чаҳор бӯтаи модаю сето нар. Ана аз ҳамон айём ин тараф ҳамаи бӯтаҳои мода сафедрангу сафедсаранду нарҳошон сиёҳсари пайкарашон дорчинранг. Каранорро ҳам зоташ кашидааст: аз модари сарсафед уштурбачаи сиёҳ ба дунё омад. Ин нахустин аломати он аст, ки вай аз насли Оқмоя аст. Аз он давра чӣ қадар вақт гузашт, кӣ медонад, дусад сол, ё сесад, ё панҷсад, ё аз он зиёдтар гузашт, аммо дар Сари Озек ҷинси Оқмоя барҳам нахӯрдааст. Солҳо мегузарану баногоҳ мисли Каранори Бӯронӣ ягон уштури сырттан 2 ба олам меояд. Кори Едигей барор
1 Соҳиби молро худо медонад.
2 Сырттан — махлуқи фавқулодда, масалан, саг ё гурги фавқулодда бузургу тавоно (муаллиф).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё