Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
надорем, ки роҳи оҳанро беназорат мононем. Ба қабристон шаш кас меравем. Ва ҳама корро аз рӯи урфу одат ба ҷо меорем. Шумо моро мунтазир бошед, тайёрӣ бинед, ҳамин ки баргаштем, ба маъракаи ёдбуд биоед. Ман шуморо аз номи фарзандонаш — мана онҳо, писару духтараш — даъват мекунам...
Инак, гарчи Едигей дар гӯшаи хаёл ҳам надошт, як навъ митинги мухтасари мотам шуда гузашт. Ва сипас онҳо ба роҳ даромаданд. Бӯрониҳо масофае аз дунболи аробачаи трактор қадам зада, то он сӯи хонаҳои канорӣ гусел намуданд.
Едигей Бӯронӣ боз муддате фиғону навҳаи занонро мешунид ва аз байни он овози Ойзода ва Укубаларо фарқ мекард. Вақте ки садоҳо дигар хомӯш гардиданд ва шаш нафар ҷанозабарон аз хатти роҳи оҳан дуртар рафта, ба дарунтари дашти Сари Озек роҳ гирифтанд, Едигей оҳи сабук кашид. Акнун онҳо худи ба худ монданд. Едигей нағз медонад, ки боз чӣ корҳо кардан лозим.
Курсии офтоб баланд мешуд ва ба паҳнои дашти Сари Озек бо саховат ва хушҳолӣ нур меафшонид. Ҳавои дашт ҳоло ҳозир серун буд ва ба ҳаракати ҷанозабарон чизе халал намерасонид. Дар қаъри дастнораси осмони баланд як ҷуфт лошахӯр озодона бол мезад, гӯё дар олам ба ҷуз он ду мурғ дигар ҷонзоте набошад. Гоҳ-гоҳе аз пеши пой сӯфитургайҳо патарросзанон ба ҳаво бармехостанд ва хиҷолотемез чугур-чугуркунон ба дуртар мерафтанд. «Дере нагузашта мургакон ҳам мераванд. Ҳамин ки барфи аввалин ба замин афтод, села-села ҷамъ мешаванду мераванд», аз дил гузаронид Едигей ва лаҳзае манзараи барфи нахустину дар ҳавои барфолуд парвоз кардани селаҳои паррандагон пеши назараш омад. Ва аз чӣ сабаб бошад, боз ҳамон рӯбоҳе ки шабона ба наздикии роҳи оҳан омада буд, ба хотираш расид. Ҳатто дуздида ба атроф назаре афканд, ки оё аз дунболаш намеояд он рӯбоҳ? Ва боз он мушаки оташфишон ба ёдаш омад, ки ҳамон шаб аз оғӯши Сари Озек ба кайҳон рафта буд.
Едигей аз андешаҳои парешонаш аввал тааҷҷуб кард, пас худро маҷбур намуд, ки онҳоро дуртар биронад. Роҳ дур бошад ҳам, ҳоло мавриди ин хел андешаҳо нест...
Пешопеши ҳама савори Қаранор Едигей Бӯронӣ роҳи Она-Байтро нишон дода мерафт. Қаранор калон-калон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё