Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
Ғул-ғулаи даруни гӯшҳояш ҳам оҳиста-оҳиста пасанда гардид, акнун ҳангоми кор аз сару рӯяш арак намешорид. Дар мобайнҳои зимистон, рӯзҳое ки роҳи оҳанро барфи калон зер мекард, вай дар қатори ҳама ба корҳои фаврии дастҷамъӣ мебаромад. Баъдтар тамоми сиҳату бардам шуд. Хайр, охир, ҳанӯз ҷавон ва табиатан марди бағайрату босубот буд. Ва, инак, фаромӯш намуд, ки ба ҳамин қарибӣ чӣ гуна ҳолаш табоҳ буд, чӣ тавр бо машаққат пои худро кашола мекард. Пешгӯиҳои духтури сурхриш рост баромаданд.
Едигей дар лаҳзаҳои димоқҷоқимаш уштурбачаро аз гарданаш оғӯш карда, навозиш менамуд ва шӯхиомез ба вай муроҷиат карда мегуфт:
— Мову ту, бӯтаҷон, бародарони ширхораем. Нигоҳ кун, аз шири Сафедсар ту чӣ қадар ёлу бар ёзонидай, ман бошам, аз оқибати он садамаи зормонда, аз афти кор, халос шудам. Фарқи мо ин ки ту аз пистон шир мемакӣ, ман дӯшида шубот месохтам...
Пас аз чандин сол Қаранори Бӯронӣ дар сар то сари Сари Озек машҳур шуду махсус барои сурати ӯро гирифтан одамон омаданд ва ана ҳамон вақт як сӯҳбате барпо гардид, ки дергоҳе аз хотири Едигей намерафт. Аммо ин воқеа вақте рӯй дод, ки ҷанг аз ёди ҳама фаромӯш шуд, бачаҳо калон шуда ба мактаб рафтанд, дар дуроҳаи Бӯронӣ ҳам насосҳои обкаш шинониданд ва муаммои беобӣ ба куллӣ ҳал шуд, Едигей хонаи калони бомаш тунукагин пӯшонид, хулласи калом, зиндагонии мардум пас аз маҳрумият ва азобу азиятҳои зиёде ба маҷрои мӯътадили худ баргашту шакли ба шаъни инсон муносиберо гирифт.
Ташрифи мухбирони суратгир (онҳо худро ҳамин тавр муаррифӣ карданд) дар таърихи дуроҳаи Бӯронӣ воқеаи нодире, метавон гуфт, ягона ҳодисае буд. Мухбирони ҷусту чолоки хушчакчак ваъдаҳои бисёре доданд, муроду мақсади мо, гуфтанд, ин ки сурати Қаранору соҳибони онро дар ҳамаи рӯзномаю маҷаллаҳо чоп кунонем. Ғалогулау такудав дар атрофи Қаранор ба худи ӯ чандон хуш наомад. Вай бо ғазаб фарёд мекашид, дандонҳояшро ғичиррос мезанонид ва сари худро баланд мебардошт, то ӯро осуда бигузоранд. Суратгирон ҳар дам аз Едигей илтимос мекарданд, ки уштурашро ором намояд, пайкари ӯро ба ин тараф ё он тараф гардонад. Едигей бошад, дар навбати худ ҳар дафъа бачаҳо, занаш ва худи Қазонқонро фарёд мекард, то

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё