Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

дошт ва хусусан рӯзҳои аввал бекасин биёбони Сари Озек ӯро дилгир менамуд, ду чиз барои вай хеле судманд баромад: ҳавои тоза ва шири уштур. Ҳаво дар воқеъ бениҳоят сафодору бегубор буд, ки мисли онро аз дигар ҷо ёфтан мушкил менамуд. Шир бошад, аз меҳрубонии Қазонқоп пайдо шуд, ки яке аз ду уштури модаашро барои дӯшидан ба онҳо бидод.
— Ману занам ба як маслиҳат омадем,— гуфт ӯ,— барои хӯрокамон мо шир дорем. Шумо Сафедсари моро дӯшида хӯред. Вай ҷавон аст, шираш мӯл, бачааш аз шиками дуввум. Худатон нигоҳубин кунеду худатон дӯшида хӯред. Фақат эҳтиёт шавед, ки бӯтааш гурусна намонад. Бӯта ҳам аз худатон, ману янгаат ба ҳамин қарор омадем. Ин барои ту, Едигей, ҳадя аз ман. Борон наслгирӣ нигоҳ дор. Парвариш кунӣ, рафта-рафта, дар атрофаш гала пайдо мешавад. Ба ягон ҷо рафтани шавед, мефурӯшед, пули нақд мешавад.
Писараки Сафедсар уштурбачаи майдаяки сиёҳсар буду ду кӯҳонаки хурдаки тирафоме дошт. Вай ҳамагӣ даҳ рӯз пеш аз ин ба дунё омада буд. Чашмонаш бисёр зебо — калон-калони барҷаста буданд ва ба атроф бо навозиш ва кунҷковии кӯдакона дӯхта мешуданд. Гоҳо дар гирду пеши модараш ба давидану ҷажидан ва бозию шӯхиҳо медаромад ва агар дар ҳота танҳо бимонад, бо садояки одамисон риққатангез оҷаашро фарёд менамуд. Он вақт касе намедонист, ки ҳамин бӯтаяк рафта-рафта Қаранори Бӯронӣ хоҳад шуд. Ҳамон ҷонвари пуртокат ва тавоно, ки машҳури музофот хоҳад буд. Ва бисёр воқеаҳои умри Едигей маҳз бо вуҷуди ӯ марбут хоҳанд буд. Аммо он рӯзҳо уштурбачаяки ширхора ҳанӯз ба парастории доимӣ ниёз дошт. Едигей ҳам ба вай сахт унс гирифт. Ҳамаи вақти холиашро сарфи вай мекард. То охири тирамоҳ Қаранори майдаяк хеле қад кашид ва баробари фаро расидани рӯзҳои зимистон бароиּш чулаки гарме дӯхтанд, ки ҳамаи пайкарашро гарм медошт ва аз зери шикамаш тугмаҳо дошт. «Ҷома» дар бар намуди вай бисёр ғалатӣ буд — фақат сару гардан, чор пой ва ду кӯҳонакаш берун аз либос намодор шуда меистоданд. Ҳамаи зимистон ва аввали баҳор вай ҷома дар тан дашт ба дашт, зери осмони кушод мегашт.
Зимистони ҳамон сол Едигей ҳам дид, ки қуввати пештарааш тадриҷан ба танаш бозмегардад. Ҳатто чӣ хел нест шудани сарчарҳакашро худаш надониста монд.

пешина
аз 293
навбатӣ