Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
наздик мешуданд: садои буки қаторҳои ин ва он сӯ гузаранда ба гӯш мерасид, чигунагии вагони қаторҳоро фарқ кардан мумкин буд. Дар миёнаи дашти васеъ онҳо аз дур бозича барин менамуданд. Дар қафо курси офтоб тадриҷан фурӯ менишаст ва тарҳи талҳо ва сойҳоро дар атрофу акноф муайянтар менамуд. Дар айни замон ба рӯи замин торикӣ оҳиста-оҳиста доман паҳн мекард ва ҳаво аз рангҳои тирафом ва кабуд ва хаври торафт сардшавандаи замини сернами айёми баҳорон шодоб мегардид.
— Мана Бӯронии мо! — бо даст ишора намуд Қазонқоп ва рӯ ба Едигей уштурсавор ва Укубала овард, ки аз паҳлӯяш қадам мезад. — Мӯлаш рафту камаш монд, худо хоҳад, ба зудӣ ба манзил мерасем. Дам мегиред.
Дар пеш — он ҷое ки роҳи оҳан андаке тоб хӯрда мегузашт, дар ҳамвории бедолу дарахте чанд хона воқеъ гашта буд, дар роҳи эҳтиётии оҳан қаторе мунтазир ба кушода шудани семафор меистод. Ва аз ҳар ду тарафи он қария биёбони холӣ, теппаву талҳо, масоҳати сокити беҳадду канор, дашти беохир тӯл кашида буд.
Дили Едигей баногоҳ фишор хӯрд. Ҳарчанд ӯ дар даштҳои лаби баҳр ба дунё омада, ба биёбонҳои назди Арал омӯхта шуда бошад ҳам, чунин манзара ба рояш ғайримунтазира буд. Аз соҳили баҳри каб-кабуд, ки ҳар дам рангу шакли худро бадал мекард, ба биёбоне омад, ки аз об нишоное нест! Дар ин ҷо чӣ хел умр ба сар мебурда бошад?!
Укубала, ки дар паҳлӯяш гом мезад, даст дароз карда, аз пои шавҳараш дошт ва дар ҳамин ҳолат — даст накашида, чанд қадам роҳ паймуд. Едигей мақсади ӯро пай бурд. «Ҳеҷ воқеа не, — гӯё мегуфт занаш. — Аз ҳама муҳиммаш ин ки саломатии ту аз нав баргардад. Он тарафашро дида арз мекунем...»
Онҳо ба манзили худ ана ба ҳамин тариқа наздик мешуданд. Ба манзиле ки (чунон ки баъдтар маълум шуд) солҳои дароз, саҳеҳтараш ҳамаи умри боқимондаашонро он ҷо ба сар бурданд.
Дере нагузашта, нури офтоб тамом париду дар осмони Сари Озек ситораҳои бисёре намоён шуданд ва сафариён ба дуроҳаи Бӯронӣ расиданд.
Чанд рӯз дар хонаи Қазонқоп зистанд. Сонӣ аз бараки коргарони таъмиргар хонае ҷудо карданд. Аз ҳамон рӯз зиндагонии онҳо дар ҷои нав оғоз ёфт.
Ҳарчанд ки рӯзгори нав барои Едигей нороҳатиҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё