Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ки агар сурат гирифтанӣ бошанд, танҳо ӯро не, балки сурати ҳамаро бигиранд. Ба фикри ӯ ҳамин тавр шавад, беҳтар мешуд. Мухбирон ба ин таклиф ҳам аз дилу ҷон розӣ мешуданд ва бо аппаратҳои гуногун ширик-ширик акс мебардоштанд. Сурати аз ҳама аҷоибтаринро дар ҳолате гирифтанд, ки ҳамаи бачаҳо бар болои Қаранор савор шуда буданд: дутоашон ба гарданаш, панҷ нафар бар болояш, дар адл-мобайн худи Едигей менишаст. Ана, тамошо кунед, ки уштури зӯр чӣ хел мешавад! Бачаҳо то ҷон доштанд, шавкуну фарёд мекарданд. Лекин суратгирон сонитар гуфтанд, ки мехоҳанд сурати худи атанро ба танҳоӣ бигиранд. Марҳамат, аз мо чӣ меравад!

Ва суратгирон пардохтанд ба аксбардорӣ. Онҳо сурати Қаранорро аз паҳлӯ, аз пеш, аз наздик ва аз дур ва боз чӣ тарзе ки хоҳанд, мегирифтанд. Сипас бо кӯмаки Едигей ва Қазонқоп ба ченакбардорӣ шурӯъ намуданд. Қади уштурро то кӯҳонаш, даври синааш, гирди зонуяш, дарозии кадашро чен карданд ва ҳамаи маълумотро навишта гирифтанду бо ваҷду сурур гуфтанд:

— Бактериани олиҷаноб! Мана акнун иқтидори генҳо маълум шуд! Навъи классикии бактериан! Чӣ хел синаи тавоно, а?! Экстерьери аълодараҷа!

Ин суханҳо ба гӯши Едигей хуш мерасиданд, албатта, аммо ӯро лозим омад бипурсад, ки ин калимаҳои барои ӯ ношинос, масалан, «бактериан» чӣ маъно доранд? Маълум шуд, ки зоти қадимии уштури кӯшқӯҳон дар илм ҳамин тавр ном доштааст.

— Пас, Қаранор бактериан аст?
— Чинси тозатаринаш. Яъне мисли алмос.
— Чаро шумо қаду бари ӯро чен кардед?
— Ба маълумоти олимон.

Въдаҳои мухбирон оид ба рӯзномаю маҷаллаҳо чормағзи пуч будааст, аммо баъди ним сол онҳо ба воситаи почта якто китоби дарсӣ фиристоданд, ки барои факултетҳои зоотехникӣ доир ба уштурпарварӣ нашр шуда буд ва дар муқоваи он сурати хушрӯйи бактериани классикӣ — Қараноси Бӯронӣ акс ёфта буд. Дар бандерол як даста суратҳои дигар, аз ҷумла аксҳои ранга низ буданд. Ҳатто аз рӯи ҳамон суратҳо ҳукм кардан мумкин, ки он рӯзҳо айёми хушу хурраме будааст. Азобу машаққати давраи баъди ҷанг фаромӯш шуда буд, бачаҳо ҳанӯз хурдсол буданд, калонсолон ҳамагон

пешина
аз 293
навбатӣ