Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
дастпӯшак пӯшида кор кардан лозим меомад, вагарна на сангеро ба даст гирифта мешуд, на алалхусус ягон асбоби оҳаниро. Аз офтоб чун аз танӯри пуроташ ҳаври сӯзон фурӯ мерехт. Обро мисли ҳарвақта цистернакатӣ мекашониданд ва он то ба дуроҳа мерасид, ки қариб ба ҷӯш меомад. Рангу кути сару либос ҳамагӣ дар ду рӯз мепарид. Фасли зимистон, ҳатто дар шадидтарин сармо ҳам дар дашти Сари Озек нафас кашидани одам назар ба чунин гармои сӯзон ба ҳар ҳол осонтар буд.
Едиген Бӯронӣ он рӯзҳо Абутолибро дилдорӣ медод.
— Ин хел тобистони гарм ҳар сол намешавад. Имсол ҳамту шуд-дия, — узромез мегуфт ӯ, гӯё ки ба ин худаш гунаҳгор бошад. — Боз понздаҳ рӯз, ё мӯл бошад, бист рӯз гузарад, сабуктар мешавад, шасти гармо мегардад. Арвоҳ занад ин гармиро, ҳама дар азоб. Баъзан дар ин ҷо, дар Сари Озеки мо дар охири тобистон ҳаво якбора дигар мешавад. Сонӣ ҳамаи фасли тирамоҳ, то худи зимистон кайф мекунӣ. Ҳаво сернук мешавад, бадани чорво об мегирад. Ба хаёли ман, имсол ҳамту мешавад, аз баъзе аломатҳо маълум. Хулоса, сабр бояд, тирамоҳи бафайз мешавад имсол.
— Аниқ? Ман зомин бигӯ!
— Аниқ. Ба хаёлам, аниқ.
— Ба ҳамин қадараш ҳам ташаккур. Ҳозир ман гӯё дар ҳаммом шиштастам. Лекин ман дар ғами худам не. Ману Зарифа токат мекунем. Аз ин мушкилтарашро дидаем. Ба ҳоли кӯдакҳо дили кас месӯзад... Тобу тавони дидан надорам...
Бачаҳои бӯрониён азоб кашида, беҳол мешуданд, ҷисму ҷонашон коста буд ва ҷое набуд, ки онҳоро аз ҳавои ҳафа, аз гармои тоқатфарсо паноҳ бидиҳанд. Дар атроф на ягон бех дарахт ба назар мерасид, на ягон ҷӯйборе ки барои бачаҳо ба роҳати ҷон баробар аст. Баҳорон дашти Сари Озек андаке ҷон гирифту сою теппаҳои атроф муваққатан сабзпӯш гардиданд, бачаҳо аз шодиву фараҳ ҷои нишаст намеёфтанд. Руст-рустакон, тӯббозӣ мекарданд, ба паҳнои дашт дав-давон рафта, аз дунболи юрмонҳо метохтанд. Садои чарангосии ононро аз дуру наздик шунидан ба кас ҳаловат мебахшид.
Сонӣ тобистон омаду ҳама зеру забар шуд. Бачаҳои беқарору ноором дар сояи деворҳо пинҳон шуданд ва фақат ҳангоми гузаштани қаторҳо аз соя мебаромаданд. Ягона шуғли онҳо акнун ҳамин буд, ки ҳисоб мекарданд — чанд қатор ба ин сӯ гузашту чандто ба он сӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё