Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

чанд вагон мусофиркаш буду чандтоаш боркаш. Агар ягон қатори мусофиркаш ҳини гузаштан аз дуроҳа суръати гашташро сусттар кунад, бачаҳо гумон мекарданд, ки ана ҳаминаш ҳозир қарор хоҳад гирифт ва чашмони худро бо дастаконашон аз офтоб паноҳ карда, ҳарсасзанон аз дунболи он медавиданд. Дар ин лаҳзаҳо, эҳтимол, дар дилашон орзуе мепарвариданд, ки ба вагонҳо савор шаванду аз машаққати ин ҷаҳаннам раҳои ёбанд. Ба дунболи қаторҳои дуршаванда дӯхта шудани нигоҳи ҳасратомези чашмони ғамолуди кӯдакони бӯрониро дидан худ як амри дилфигоре буд. Мусофирони он вагонҳо низ, гарчи дару тирезаҳошон калон кушода буд, аз ҳавои дим, бадбӯй ва фавҷи магасҳо ба ҷон расида буданд, лекин онҳо умед доштанд, ки як-ду шабонарӯзи дигаре мегузараду ба канори дарёҳои сероб ва бешазорони сабз мерасанд.

Ҳамон тобистон ҳамаи калонсолон, ҳамаи падару модарон ғами бачаҳоро мехӯрданд, аммо аз ин ҷиҳат то чӣ андоза ранҷ бурдани Абӯтолибро, рости гап, ба ғайр аз Зарифа фақат Едигей медонист. Гуфтугӯи Едигей ва Зарифа бори аввал маҳз дар ҳамин мавзӯъ сурат гирифт. Ва аз ин сӯҳбат Едигей боз баъзе ҷиҳатҳои тақдири ин ду нафарро барои худ кашф кард.

Он рӯз дар сари роҳ кор мекарданд, сангрезаи таки рельсҳоро ҳамвор менамуданд. Ба ҷойҳои ковоки зери шпалаҳо сангрезаро шибба мекарданд, то аз такону ларзиши рельсҳо дигар парешон нашавад. Ин корро фақат дар фосилаи байни қаторҳо кардан мумкин буд ва ин кори басе меҳнатталабе буд, ки дар гармои шадид мадори касро хушк мекард. Қарибиҳои пешин Абӯтолиб чалаки холиро ба даст гирифту гуфт, ки рафта аз цистерна «оби гарм меорам ва якбора аз аҳволи бачаҳо хабар мегирам».

Ҳарчанд ки ҳаво тафсон буд, рӯ-рӯи шпалаҳо тез-тез қадам мезад. Вай ҳамчунон дар ғами бачаҳо буд, ба назди онҳо мешитобид. Аз таки майкаи обшустаи рангпаридааш китфи лоғараш намудор буд. Дар сараш хаскулоҳи фарсуда, дар пояш батинкаи коргарии ресмонаш гумшуда. Рӯ-рӯи шпалаҳо шалап-шалап по монда, ба чизе эътибор надода мерафт. Вақте ки аз пас садои қатор баланд шуд, ҳатто нигоҳ ҳам накард.

— Хой Абӯтолиб, поён фаро! Ба ту чӣ шуд, магар кар шудӣ?! — дод гуфт Едигей.

Аммо вай нашунид ва фақат баъди он ки паровоз

пешина
аз 293
навбатӣ