Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
бӯк зад, ба канори роҳ фаромад, бо вуҷуди он ба қатори даргузар ҳатто нимнигоҳе накард ва мушти худро таҳдидомез нишон додани мошинистро низ пай набурд.
Ин одам дар ҷангҳо иштирок карда, ба асорат афтода, як тора мӯяш сафед нашуда буд. Рост, ки ҷавон буд, дар нуздаҳсолагиаш бо рутбаи лейтенанти хурд ба фронт рафта буд. Лекин он тобистон ба мӯи сараш сафедӣ афтод. Мӯи сафеди дашти Сари Озек... Боз инаш аҷиб, ки дар ин ё он ҷои мӯйсари анбӯҳ ва ғулин ёл-шаклаш баногоҳ лаҳта-лаҳта сафедӣ медамид, хусусан дар канори пешонӣ, дар чакқаҳояш, ки пештар аз дигар ҷоҳо мошубиринҷ гардиданд. Замони осуда мешуд, ӯ марди зебои чаҳор кас медидагӣ буд. Пешонии фароҳ, бинии уқобӣ, чашмони андаке бодомшакл, лабу даҳони базебу бақуввату гардани дарози хушнамое дошт. Марди болобаланди хушпайкаре буд. Гоҳо Зарифа ҳазломез мегуфт: «Толеат баланд набудааст, Абӯ, вагарна нақши Отелло дар саҳна шоистаи ту буд». Абӯтолиб низ ба ҳамон оҳанги шӯх посух медод: «Сонӣ, лаҳзаи ҳирасар мешудаму туро ҳаға карда мекуштам. Ба кӣ лозим буд чунин толеъ, азизам?».
Ба қатори аз пасаш бо шаст оянда эътибор надодани Абӯтолиб хотири Едигейро сахт парешон кард.
— Ту ба вай гап занӣ, намешавад? Ба чӣ инту мекунад, — бо лаҳни таънаомез гуфт Едигей. — Машинист гунаҳгор намешавад, чунки дар роҳи оҳан гаштани одам мумкин нест. Аслан гап дар ин ҳам не. Худро ба хатар андохтан чӣ лозим?
Зарифа арақи рухсори офтобзадаашро бо остин пок карда, охи вазнине кашид.
— Дилам ҳавотир аз вай.
— Чаро?
— Метарсам, Едике. Мо аз ту сирри пинҳонӣ надорем. Ҳам аз барои бачаҳо, ҳам аз барои ман ғам хӯрда, азоб мекашад. Ман бар хилофи раъйи хешовандон шавҳар карда будам. Бародарам аз ғазаб қариб девона шуда, ба сарам дод мезад: «Як умр пушаймон мешавӣ, аҳмақ! Ту ба хонаи шавҳар не, ба мусибатхона меравӣ! Бачаҳоят бадбахт мешаванд, бачаи бачаҳоят ҳанӯз ба дунё наомада, бадбахт мешавад. Вай ошиқи ту агар калла медошт, мебоист зан не, як газ таноб мегирифту худашро меовехт. Инсон мешуд, маҳз ана ҳамту мекард!» Мо бошем, аз раъйи худ нагаштем. Умед доштем, модом ки ҷанг тамом шуд, акнун зиндаву мурдаҳоро ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё