Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
— Барои чӣ худатонро мекуштед?
— Худамро куштанам чӣ лозим буд? Бе ин ҳам ярадор шуда будам.
— Чунки ба душман асир шудан мумкин нест. Ҳамин хел фармон ҳаст!
— Фармони кӣ?
— Аз боло.
— Ту аз куҷо медонӣ?
— Медонам. Ба хонаи мо аз Алма-Ато, ҳатто аз Москва меҳмонҳо меоянд. Ҳулоса, шумо фармони аз боло омадаро ба ҷо наовардед?
— Падари худат ба ҷанг рафта буд?
— Не, вай одамонро сафарбар мекард.
— Пас мову ту гапи якдигарро намефаҳмем. Ман ҳамин қадар гуфта метавонам, ки илоҷи дигаре надоштам.
— Бо вуҷуди он шумо бояд фармонро иҷро мекардед!
— Ту ба чӣ маҳмадоной мекунӣ? — Талабаи дигар аз ҷояш бархост. — Муаллимамон ҳамроҳи партизанҳои Югославия ҷангидаанд. Боз чӣ мехоҳӣ?
— Бо вуҷуди он мебоист фармони аз боло омадаро иҷро мекарданд! — бо оҳанги қатъӣ исрор мекард аввалӣ.
Шӯре буд, ки дар синф бархост ва аз сукунати пешина осоре намонд: «Мебоист!», «Намебоист!», «Наметавонист!», «Дуруст!», «Нодуруст!».
Муаллим муште ба сари миз фаровард:
— Ғалоғуларо бас кунед! Ин ҷо дарси география! Чӣ гуна ҷангидану чӣ рӯзҳое дидани маро одамони дахлдор, идораҳои дахлдор медонанд. Ба харита нигаред, дарсро давом медиҳем!
Ва боз касе дар синф он нуктаи ноаёнеро дар сафҳои харита пай набурд, ки он ҷо банохост аз паҳлу садои автомат баланд шуду муаллими хатчӯб дар даст, ки назди тахтаи синф меистод, аз фарози теппа ба нишебӣ ғелида рафт ва харитаи сабзу кабуду қаҳваранги Аврупоро бо хуни хеш лоларанг намуд...
Баъди чанд рӯз ӯро ба шӯъбаи ноҳиявии маорифи халқ даъват карданд. Бидуни ҳеҷ гуна муқаддима ба Қутлибоев таклиф карданд, ки барои озод шудан аз кор бо ихтиёри худ ариза нависад: собиқ асири ҳарбӣ ҳаққи маънавӣ надорад, ки насли наврасро таълиму тарбия диҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё