Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
дам ба ҷоҳое мерасид, ки ҳоло ҳам ба хобаш медаромаданд, ҷоҳое ки ҳама рӯз, тобистону зимистонҳои бисёр набардҳои хунин идома доштанд. Эҳтимол, нӯки хатчӯб ба он нуқтаи ноаёне низ расида бошад, ки дар он ҷо хуни ӯ ба замин рехта буд. Баногоҳ аз паҳлу садои автомати душман баланд шуду пайкари вай аз фарози теппа ба нишебӣ ғелида рафт, сабза ва сангҳои сари роҳашро аргувонӣ карда ғелида рафт. Он қадар хуни фаровоне рехта буд, ки агар ҳамаи он ба сафҳаи ин харитаи таълимӣ мерехт, дар рӯи он ба ҷуз ранги аргувонӣ дигар лавне намемонд. Ва лаҳзае ба назари муаллим чунин расид, ки хуни лаълфоми ӯ ба сар то сари харита паҳн мешавад. Ва ба ёдаш расид, ки чӣ тавр сараш чарх зада, пеши чашмонаш тира гардид ва ҳама чиз ба ҷунбиш даромад ва гӯё кӯҳҳо бар болои ӯ сарнагун меафтоданд ва ӯ ба ҳамаи овозе ки дошт, «Казимир! Казимир!» гӯён фарёд кашид, дӯсти полякашро ки ҳамроҳи ӯ тобистони гузашта аз кони санги Бавария ҷон ба саломат бурда буд, ба имдод талабид. Аммо Казимир садои ӯро нашунид, чунки фақат ба хаёли Абӯтолиб чунон мерасид, ки бо тамоми қувват фарёд мекашад, воқеан бошад, ӯ садое барнаоварда буд ва танҳо дар госпитали партизанӣ пас аз хунгузаронӣ ба ёд омада буд.
Абӯтолиб Қутлибоев аз қитъаи Аврупо нақл мекарду худ ба худ тааҷҷуб менамуд, ки баъди ҳамон қадар саргузаштҳои даҳшатангез метавонистааст бо оҳанги ороми шахси вазифашинос, оҳанги шахсе ки ба он рӯйдодҳо дахле надорад, фақат дар бораи он чизе сухан кунад, ки ба дарси оддитарини географияи мактабӣ мансуб аст.
Ва дар ин асно аз қатори пеш дасте баланд шуд ва ҷараёни нутқи ӯро қатъ намуд:
— Ағай, аз ин мебарояд, ки шумо асир афтодаед?
Як ҷуфт чашми нигоҳаш сарду сахт ба ӯ дӯхта шуда буд. Сари ҷавонписар андаке ба қафо хамида буд. Худаш гӯё аз рӯи фармони ҳарбии «Ҳозир бош!» қомат ороста. Аз чӣ сабабе бошад, дандонҳои ӯ ба як умр дар хотири Абӯтолиб нақш бастанд: дами дандонаш чаппа буд, яъне қатори поёнӣ аз қатори болоӣ пештар барҷаста, рӯи онро паноҳ месохт.
— Ҳа, чӣ буд?
1 Ағай — муаллим (шарҳи муаллиф).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё