33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Муҳимаш дар ин ибора баъди нерӯгоҳ муайян намудани муайянкунандаи ба маъно наздик буд, на пурра ғайриилмӣ барҳам задани он. Дар асл ибораи нерӯгоҳи барқӣ (мансуб ба барқ) низ ғалат нест, вале дар нерӯгоҳе, ки асоси пайдоиши он об аст ё боду офтоб аст, бояд маънии якум дар ҷои аввал биёяд ва баҳси мо низ сари ин буд.
Аз ҷиҳати маъно
Агар ҷузъи об, ки муайнкунанда аст, ҳеҷ аҳамияте надошта бошад, пас дар он миёни кӯҳсор сохтмончиён чӣ кор мекунанд? Ва чӣ ҳоҷат аст ба бардоштани девори баланду ҷамъоварии об. Раванд дар паҳндаште онро бароҳат бисозанд. Вале ҳаргиз ин тавр нест. Ин нерӯгоҳе, ки мо сохта истодаем, бо об пайдо мешавад ва генераторҳои онро об ба кор медарорад аз ин рӯ он нерӯгоҳи обӣ аст, пагоҳ шояд бо боду атому офтоб нерӯгоҳҳо сохта шаванд ва ҳар кадоми он номи худро мегиранд. Мисли нерӯгоҳи бодӣ, нерӯгоҳи атомӣ (ҳастаӣ), нерӯгоҳи офтобӣ. Шояд баъзеи ин ибораҳо муайянкунандаҳо гиранд.
Ё Худо кунаду мо ду нерӯгоҳи офтобӣ яке хурду яке бузург бисозем ва онҳоро дар алоҳидагӣ чунин биномем: нерӯгоҳи офтобии калони барқӣ, нерӯгоҳи офтобии хурди барқӣ. Албатта, ин мисол аст ва мисолҳо ифодагари онанд, ки муайянкунандаҳо метавонанд тафсил ёбанд ва дар як шакл маҳдуд намемонанд ва сифати нисбии барқӣ чун муайянкунанда дар охир ҳам биёяд маъноро дода метавонад.
Забон ба касе тобеъ нест
Аз оҳанги баъзе мақолаҳо чунин хулоса бармеояд, ки дар ҳамаи ҳуҷҷатҳо шакли НБО рафтааст, яъне мо дер кардем. Дигар онро наметавон тағйир дод. Вале забон дерӣ надорад. Муҳимаш он аст, ки наслҳои оянда нагӯянд, ки гузаштагони мо чаро шакли дағал ва руситалаффузи ЭНБЕО-ро қабул намуда, дар номгузории ин иншооти бузург ду инкор не ва бе ро ҷой додаанд, яъне НЕБЕО.
Мо наметавонем забонро мувофиқи хоҳиш ва мақсадҳои худамон ба ҳар тараф гардонем. Касе калимаеро маҷбурӣ бар сари дигарон бор карда наметавонад ва забон низ ба касе тобеъ нест. Забон ҳодисаи ҷамъиятист ва он бо ҷамъият пайдо шуда, бо ҷамъият ба пеш меравад.
Боиси хушнудист, ки тамоми шоирон дар шеърҳои ба Роғун бахшидаашон шакли равону гуворои НОБ-ро истифода мебаранд. Ва таърих гувоҳ аст, ки шеър аз наср бештар умр дорад:
НОБ басе хубтар аз ЕНБЕО-ст, Чун сухани ноб дар ин ҷо гувост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё