33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
«Ба қуллаҳои дониш»\ «6.02.2010.
Асос
Асос дар қисмати калимасозӣ омӯхта мешавад. Реша, асос, пасванд, пешванду миёнванд (вандҳо) мавзӯи баҳси калимасозӣ буда, ҳар кадом нақшу мавқеи истифодаи худро доранд. Асос ва реша қисмати маънодори калимаанд ва байни онҳо тафовути чандон ҷиддие нест. Фақат ба хотири фарқ кардан решаро қисмати маънодори калима ва асосро қисмати пеш аз бандак номидаанд. Яъне қисмати пеш аз бандакро, ки аз як ё ду реша ва пасванду пешванд иборат буда метавонад, асос меноманд. Масалан: хонаам, ошхонаамон, ошхоначиамон. Дар мисолҳои овардашуда реша ва пасванд илова шуда бошад ҳам, дар ҳар се мисол қисмати пеш аз бандакҷонишин (- ам, -амон), яъне хона, ошхона ва ошхоначӣ асос ҳисобида мешаванд.
Баъзан мутахассисин асоси калимасоз гуфта, ҳам реша ва ҳам асосро як чиз меҳисобанд. Дар ин маврид реша ё қисмати маънодори калима гуфтан афзалтар аст. Масалан, дар вожаи мураккаби сартарошхона се реша баробар дар ташкили маъно саҳм доранд ва ҳеҷ як кадомро наметавон асоси калимасоз номид, аз ин рӯ ин қисматҳоро бо номи аслиаш яъне реша ном бурдан авлотар аст. Ва агар вожаи сартарошхона худ қисмати пеш аз бандак бошад, дар маҷмӯъ асос мешавад, чунончи: сартарошхонаи деҳа. Дар ин ҷо –и бандаки изофӣ буда, қисмати пеш аз вай, яъне сартарошхона асос аст. Аз ин ҷо чунин хулоса бармеояд, ки решаву вандҳо дар маҷмӯъ асосро ташкил медиҳанд. Масалан, дар вожаи ҳамдигарфаҳмӣ пешванд, ду реша ва пасванд иштирок намуда, як вожаи нав сохтаанд ва ин вожаи нав чун қисмати пеш аз бандак дар нутқ иштирок намуда, номи асосро мегирад. Яъне асос метавонад ҳам сода бошад ва ҳам сохтаву мураккаб. Зеро он дар иборасозиву ҷумлабандӣ, яъне нутқ ворид шуда, чун асос ба эътибор гирифта мешавад.
Асоси феълӣ
Феълҳо ду асос доранд:
- Асоси замони гузаштаи феъл, ки амали ба анҷомрасидаро фаҳмонида, ба шахси сеюми шумораи танҳои сиғаи хабарӣ (вай рафт) баробар аст: рафт, гуфт, шунид, дид, парид, кишт, фурӯхт, сӯхт, ва ғ.
Масдар ва сифати феълӣ аз асоси замони гузаштаи феъл пайдо шудаанд: рафтан, дидан, шунида, фурӯхта, диданӣ, гуфтанӣ ва ғ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё