Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

На ҳама риш суннат аст!
Чун ба шарҳу тафсироти аҳодиси набавӣ дар мавриди риши суннатӣ менигарем, нагуфтаанд, ки кадом навъи риш ва чӣ ранг риш бояд гузошт ва низ таъкид нашудааст, ки ҳатман чӣ қадар риш суннат аст. Ё бо назардошти он ки малоли хотири кўсаришону тунукришон нашавад, гуфта, дар шарҳи зеби риш чизе наафзудаанд. Вале ба ақидаи мо на ҳама гуна риш суннат аст. Ва низ тараққиёти имрўза ва ин жилету лезваҳои навбаромадро наметавон ба ҳаёти 1400 сол пеш муқоиса намуд. Чӣ нозебанда аст ҷавоне, ки риши ошуфтаву ифлос дорад ва чи басо нороҳаткунанда аст, пире, ки ба ҷои риш пўсте зери манаҳ овезон дорад…
Воқеан ҳам риш суннат аст, аммо он рише, ки мардро зеб диҳад, на он рише, ки даҳшат афканад, на он рише, ки бо мўйлаби дарозу гесувони ошуфта якҷо гузошта шавад.
Худо нигаҳ дорад моро аз атрибутикаи даҳшатзо, чӣ риш бошаду чӣ гесў ва ё чӣ дигар унсури барзиёди табиӣ!
«СССР»\16.12.2010
Таълими ибтидоии исломӣ ҳатмист ва аз он набояд тарсид!
Ҳодисаҳо пайиҳам омаданд: гурез аз маҳбаси КДАМ, даргириҳо дар Раштон, кушта шудани сарбозони ҳукуматӣ ва ниҳояти кор анҷоми ин ҳодисот бо нобуд кардани дастаи Алии бедакӣ… Дар ин миён фаъол шудани Кумитаи дин ва ниҳоят тарҳрезии қонун дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд. Байни ин ҳама гӯё алоқамандие ҳаст. Ин баҳамоии ҳодисот рабте доранд ё не, баҳс сари он намеравад, вале чизи дигар моро нигарон кардааст.
Оё мо тарбияи исломиро фаромӯш кардаем, ки гӯё аз тарси ин ҳодисот лаб фурӯ бастаем. Суоли матраҳ ин аст, ки: Кӣ тарбияи бобоии исломӣ ё таълими ибтидоии исломӣ нагирифтааст? Аз корманди оддӣ сар карда то мансабдорони баландмақом аз худ бипурсад, ки оё ҳамон таълимоти бобоии алиф бо лом забар ал ҳе бо мим забар ҳам - алҳам дол пеш ду - алҳамду-ро нагирифтааст? Оё мо аз ин таълимот чӣ зарар дидаем, ки аз он ёд намекунем?
Ёд дорам, дар замони шӯравӣ, замоне ки ба истилоҳ шиори «дин афюн аст»-и Маркс дар ҳар хона санг меандохт, раҳматии модарам нону кулча карда, маро ба назди муллои деҳа барои хондани китоби дарсии «Мухтасарулвиқоя» бурда буд.

пешина
аз 161
навбатӣ