Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Махдум дарси аввалро аз рӯзи душанбе бо китоби Таҳорат оғоз карда буданд: «Китобу таҳорати, ин китобест дар баёни масъала ва масоилҳое, ки ба таҳорат мутааллиқанд. Таҳорат дар луғат назофат маънии назофат покист ва дар истилоҳ шустани аъзоҳои махсус аст, бинобар ваҷҳи махсус».
Махдум ҳар вожаи арабиро алоҳида ба мо мефаҳмониданд. Иқрор мешавам, ки ҳар чи омӯхтем, аз ҳамон мактаби ибтидоии пинҳонии бобоии ба истилоҳи Айнӣ Мактаби кӯҳна омӯхтем. Ва чун ман даҳҳо ҷавонон буданд, ки ин таълимотро гирифтаанд.
Яъне бо ҳама он тавоноӣ Ҳукумати Шӯравӣ натавонист аз он ҷилавгирӣ намояд. Вале чаро бояд аз таълими исломӣ ҷилав гирифт?
Хатмуттаҳсили донишгоҳи исломӣ куҷо равад?
Чун кумитаи дин ҳаст ва давлату ҳукумат аз мазҳаби поки Эмоми Аъзам (р) пуштибонӣ дорад, чаро дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ фанни исломи ибтидоӣ дарс дода нашавад? Яъне шарт нест ҳама мулло шавад, лекин шарт аст, ки фарзандони мо илми ибтидоии исломро на пинҳонӣ, балки ошкоро дар мактаби замонавӣ биомӯзанд.
Агар чунин шавад, дигар ҳоҷат ба муллову шайхи мутаассиб намемонад. Бигузор бача одитарин қавоиди исломиро мисли калимаи тайбаву шаҳодат, таҳорат, суннату фарзҳои намоз, тарзи намоз хондан, фавоиди бузургтарин қавонини ислом – Закот, рӯза ва ҳаҷ, ки ин Бинои мусалмонӣ аст, дар мактаб биомӯзад ва аз хурдӣ бидонад.
Чун донишгоҳи исломӣ давлатӣ шудааст, хатмкунандагони он бояд ин фанро тадрис кунанд. Такрор мекунем, ин на ба он мақсад аст, ки ҳама мулло шавад. Лекин аз Исломи поку ноб баҳраҳои аввалинро бигирад.
Чун аз тарафи давлату ҳукумат ҳама равияҳои динии нодуруст ҷилавгирӣ мешаванд, агар кумитаи дин мавъизаҳои муллоҳоро зери назорат мегирад, пас ҳеҷ ҷои нигаронӣ нест ва мактаби имрӯза пурра метавонад фанни аввали ислом (дар асоси мазҳаби Эмоми Аъзам) –ро ӯҳда кунад.
Таълимоти бухороӣ ҳанафӣ буд ва бояд эҳё гардад!
Агар мо инро нодида гирему боз ба ӯҳдаи мактаби пинҳонӣ ё мактабҳои хонагӣ партоем ва 1000 қонун барорему манъ кунем, хоҳем нахоҳем волидайн фарзандашро таълимоти исломӣ хоҳад омӯхт. Оё беҳтар нест, ки ин вазифаи пурмасъулиятро мактаб ба зимма гирад. Ва ман кафолат медиҳам, ки агар шахс қавоиди исломиро дар мазҳаби Эмоми Аъзам ба хубӣ биомӯзад, ҳеҷ гоҳ фанатику терорист намешавад.

пешина
аз 161
навбатӣ