Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Пас чӣ гуна риш зеби мард аст?
Ва мурод аз қавли паёмбар ҳамин ришҳои марксиву калининиву авбошӣ аст ё чизи дигар? Зери шиори «Иннамал аъмолу бинниёти» - «амали ҳар кас аз нияташ аст» ба он метавон ҷавоб ёфт, вале мақсад аз ин мўйи ифлосу шонанарасидаи даҳшатзои зери манаҳ чист?
Воқеан, чун бо ақлу фаросат бингарем, мард аз ҳаводиси рўзгор дар рўяш каҷиву нуқсу иллате пайдо шавад, маҳз риш онро пинҳону ороста мекунад ва аз назарҳо мепўшонад; ё ки шахс пир шавад, холи пирӣ ва пусти зери манаҳ овезон ба назар мерасад. Ва ин риши сафед аст, ки шахсро нуронӣ ва суннатӣ пеши назарҳо мегузорад ва дар ин маврид ҳадиси расул (с) воқеан аҳамияти худро аён месозад.
Дар мазҳаби Эмоми Аъзам мўйлаб ончунон паст гирифта мешавад, ки дар болои лаб овезон набошад ва мўйҳо дар даҳон надароянд, то ки боиси олудагӣ аз нафас нашаванд. Ин аст яке аз фарқиятҳои асосии риши суннатӣ аз риши яҳудиву масеҳиён. Барои ҳамин мўйсафедҳои мо нуронитар аз солхўрдагони дигар мазоҳибу адёнанд. Ва ин нури имон ва Нури илоҳӣ аст, ки дар чеҳраи ҳар соҳибтақвои боимон аз мазҳаби поки мо ҷилвагар аст ва онро наметавон пинҳон дошт, магар ки нобино бошӣ.
Ранг кардани риш ба хотири зиннат буд!
Нақл аст, ки шахсе бо падари мўсафедаш назди ҳазрати Муҳаммад (с) омаданд. Риши он мўсафед ниҳоят бетартибу ошуфта буд ва ба ҳазрат (с) маъқул наафтод, ба писараш гуфт:

  • Бирав риши падаратро ранг кун, то зебо шавад!
    Солҳост, ки ин ҳадис далеле гаштааст барои онҳое, ки риши хешро хизоб (ранг) мекунанд. Рўдакӣ низ риши хешро ранг мекардааст, ки шоире ба ў таъна зада мегўяд:
    Аҷаб ояд маро зи мардуми пир,
    Ки мўи хеш ҳаме хизоб кунанд.
    Ба хизоб аз оташ ҳаме нараҳанд.
    Хештанро чаро азоб кунанд.
    Рудакӣ ҷавобаш додааст:
    Ман мўи хешро на аз он мекунам сиёҳ, То боз навҷавон шаваму нав кунам гуноҳ .
    Чун ҷомаҳо ба вақти мусибат сияҳ кунанд, Ман мўй аз мусибати пирӣ кунам сиёҳ.
    Вежагии рангбандии риши «Тоҷики навбаромад» ин аст, ки риши худро сурх мекунанд ва ба кўчаҳо мерезанд ва гўиё, ки ин сурхӣ низ гувоҳе аз бартарии мусалмонии ишон аст: Ноогоҳон намедонанд, ки риши сурх моли қабоили паштунтабори афғонистону покистонист; афроде, ки аз қавми бутпарастони браҳманҳои ҳиндувонӣ будаанд, ки бо ҳидояти Сайид Мир Алии Ҳамадонӣ танҳо дар асри 14 рў ҷониби Ислом гузоштаанду то ҳанўз аркони браҳманияро комилан тарк накардаанд!!!
пешина
аз 161
навбатӣ