Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чун даҳаи мобайнӣ даҳаи Мағфират ном дорад, умед ба раҳмати Худо баста, даст ба дуо мегўем, ки дар ин моҳи мубораки рамазон Худованд аз нури поку мубаррояш, ки ҳидояткунандааст, моро бенасиб нагардонад, омин!
«СССР»\27.08.2009

Дар фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон

Чун моҳи рамазон ба ҷаҳон мерасад, хитоб расад, ки: эй Ризвони биҳишт, дари ҳашт дарвозаи биҳишт бикушоед, ки рамазон дар ҷаҳон расид. Ва Молики дўзахро хитоб расад: Ту ҳар ҳафт дари дўзахро барбанд. То сӣ рўз ҳашт биҳишт кушода мебошад ва сад ҳазор осиро, ки номи ишон дар дўзах навиштааст, ҳар рўз озод мекунад ва шитобон дар биҳишт мегардонад. Ва дигар фармон мешавад: эй Ҷибраил, ту раҳмат бар аҳли зиндони гўристон бикун; хушӣ ва хуррамӣ мар туро бод, ки моҳи рамазон расид. Бар ҳеҷ аҳли қабре азоб нашавад.
Қабрҳои ҳар яке мунаввар гардад… Чун уммати муҳаммадӣ бо мартабат дар арасот пайдо шаванд, уммати пайғамбарони дигар дар тамошои Муҳаммадиён ҳайрон бимонанд ва бигўянд: ба кадом амал ишонро чунин навохтанд? Фариштагон гўянд: Ишон рўзадорони моҳи рамазон буданд, ки чунин ато имрўз аз парвардигори худ ёфтанд.
Алғараз, чун пеши дари биҳишт расанд, Ризвон гўяд: салом бод бар шумо, пас дароед ба биҳишт ва ҷовид бошед дар он.
Пас мўъминро бояд, ки ҳаққи моҳи рамазонро нигоҳ дорад, зеро ки рўза дар чашм аст, рўза дар забон аст ва рўза дар дасту пой аст.
Рўзаи забон он аст, ки ногуфтанӣ нагўяд ва рўзаи чашм он аст, ки нодиданӣ набинад ва рўзаи даст он аст, ки ногирифтанӣ нагирад. Ва рўза дар пой он аст, ки қадамҳоро ба ҷои нолоиқ набарад. Ҳамчунин дар ҳар узве рўза аст. Басе рўзадоронанд, ки насиби ишон савоби рўза нест, магар гуруснагӣ ва ташнагӣ (аз китоби «Дуррулмаҷолис»).

Даҳаи охир – даҳаи раҳоӣ аз оташ

Ҳар ки рўзаи моҳи шарифро аз рўи сидқу ихлос бидорад, Худованд тамоми гуноҳони ўро бибахшад ва вуҷуди ўро аз оташи дўзах ҳаром гардонад. Даҳаи охирро «утқун мина-нирон», яъне раҳоӣ аз оташи дўзах номидаанд. Шаби қадр ва тасбеҳи алвадоъ дар даҳаи охир анҷом мепазиранд. Аз ин рў даҳаи охир беҳтарин даҳаи рамазон аст. Ҳадиси саҳеҳ аст, ки «ҳама амали фарзанди Одам барои худаш аст, магар рўза. Он барои ман аст ва ман подоши онро медиҳам».

Дар баёни шаби қадр Шаби қадр шабест, ки дар он Қуръон нозил шудааст.

пешина
аз 161
навбатӣ