33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Дар Қуръони азимушшаън сурае бо номи «Қадр» иборат аз 5 оят аст, ки дар он ин қавл тасдиқ мешавад. Шаби қадр беҳтар аст аз ҳазор моҳ.
Лайлатулқадр ё шаби қадр дар байни халқ машҳур буда, ба он ранги мўъҷиза ё берун аз қувваи табиӣ додаанд. Он аслан аниқ нест, ки кадом шаб аст. Аммо ба кавли муҳаққиқин он шаби 27-уми рамазон аст. Чаро? Зеро дар сураи қадр калимаи лайлатулқадр, ки аз 9 ҳарф иборат аст, се маротиба омадааст, аз ин рў 9-ро ба се зарб заданд, ки ҳосил 27 мешавад. Аз ин рў онро дар шаби 27-ум тахмин задаанд.
Қавли дигар ин аст, ки шаби қадр метавонад дар аввал байн ва охири моҳ биёяд ва он дар шабҳои тоқ меояд. Он шаб борони раҳмат меборад. Аз ин рў яке аз нишонаҳои он борон аст. Аммо ба фикри мо борони раҳмат на ин борони табиӣ, балки сифати раҳмати Худованд аст. Яъне дар шаби қадр он қадар раҳмати Худо беандоза аст, ки онро чун «борони раҳмат» ташбеҳ намудаанд. Аммо барои шахси шабзиндадору парҳезгор ва обид ҳама шаб шаби қадр аст:
Ҳар шаб шаби қадр аст, агар қадр бидонӣ.
Дар ин шаб шахс бояд намози «Шаби қадр» ният карда, то рўз дуракаатӣ бихонад, савоби ҳазор моҳи тоату ибодатро дармеёбад. Дар ҳар ду ракаат баъди сураи алҳамд оятулкурсӣ ва 11 бор сураи қадр бихонад.
Лайлатулқадр ё шаби қадр дар байни халқ машҳур буда, ба он ранги мўъҷиза ё берун аз қувваи табиӣ додаанд. Мақсад пурқимату боқадр нишон додани ин шаби бузург мебошад. Чунончи гуфтаанд, ки агар касе шаби қадрро бинад, ба чизе даст расонад, ба тилло мубаддал мегардад.
Алвадоъ – алвадоъ, ё шаҳра рамазон!
Мусалмонон сар аз се шаби охир тасбиҳи «алвадоъ» мехонанд ва аз рафтани моҳи шариф ғам мехўранд: «Алвадоъ-алвадоъ, ё шаҳраррамазон! Алфироқ - алфироқ ё шаҳра баракати валэҳсон!» - гуфта, изҳори таассуф менамоянд ва дар баробари ин аз даромадани Иди саиди фитр изҳори хурсандӣ. Ҳеҷ шеъреро малеҳтар аз ин ду мисраъ наёфтам, ки ду фикри муқобилро бо як нармию нафосат ва дипломатияи махсус баён медорад:
Иди рамазон омаду моҳи рамазон рафт, Сад шукр, ки ин омаду сад ҳайф, ки он рафт!
Зикри рамазон ва шаби қадр дар ашъори шуаро
Шаби қадри васлат зи фархундагӣ
Фараҳбахштар аз фириснофад аст.
(Фириснофад – наврўз)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё